МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Сарҷамъи ва якдигарфаҳмӣ кафолати пешгирии вируси нави коронавирус мебошад!

Сарҷамъи ва якдигарфаҳмӣ кафолати пешгирии вируси нави коронавирус мебошад!

Сарҷамъи ва якдигарфаҳмӣ кафолати пешгирии вируси нави коронавирус мебошад! Вақте, ки моҳи декабри соли 2019 дар давлати Чин шакли нави бемории коронавирус доман паҳн мекард баъзан нафарон фикр намекарданд, ки ин беморӣ дар фурсати кӯтоҳ шумораи аксари давлатҳои ҷаҳонро фаро хоҳад гирифт. Бештари нафарон ин бемориро сироят аз ҳайвонҳои ваҳшӣ дониста як бемории маъмулӣ мешумориданд. Хатари бемории мазкур дар он аст, ки ба гуфти мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар муддати 14 рӯз дар вуҷуди инсон боқи монда нишонаҳое надорад. Вале дар ин муддат ҳар як инсон агар то 40 нафар салом кунаду муддати зиёд сӯҳбат кунад дар натиҷа (яъне 14×40=560) 560 нафар сироят меёбад маҳз паҳнашавии ин беморӣ аз ин лиҳоз хатарнок аст. Бештари бемориҳои сироятии дигар ҳангоми дар вуҷуди инсон ангеза гирифтан як нишонаеро дорад ё барои муолиҷаи он алакай дар соҳаи тибб маълумот ё дастуре мавҷуд аст вале “коронавирус” мисли душмани номуайяни инсоният дар шакле ба вуҷуд омад, ки ба тамоми соҳаҳо зиёнашро расонид. Ин бемори дар давлати Чин ба вуҷуд омада ва дар муддати кутоҳ новобаста аз зичии аҳолӣ шаҳрвандон муолиҷа карда шуданд. Дар ин ҷода тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳбарият, кормандони соҳаи тандурустӣ ва шаҳрвандони давлати Чин аҳсан мегӯянд. Зеро онҳо як қаҳрамонӣ нишон дода худро аз вартаи марг наҷот доданд. Овоза ва воҳимаҳои ин беморӣ тамоми нафаронро дар ҳарос гузоштааст. Вале агар мо сарҷамъ бошему қоидаҳои гигиениро риоя намоем онгоҳ кафолати пешгирии ин беморӣ мегардад. Тамоми чораҳои пешгириро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ андешем ва шаҳрвандонро ба тозагӣ мунтазам таъкид кунем ин беморӣ хуруҷ нахоҳад кард. Барои мубориза бар зидди бемории мазкур аслиҳаи муҳим ин иттилоотикунонии шаҳрвандон мебошад. Дар ин самт тамоми воситаҳо бояд чора андешанд ва дар мубориза ба ин беморӣ саҳмгузории худро нишон диҳанд. Давраи карантини ин беҳтарин фурсат аст барои пешгирии ин беморӣ. Мо бояд аз таҷрибаи давлати Чин омӯзем, зеро онҳо аввалин шуда ин мушкилотро аз сар гузарониданд. Ман умеду бовари дорам, ки шаҳрвандони мо низ дар пешгирии ин бемори бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ саҳмгузорӣ менамоянд. Қоидаҳои гигиенӣ, муҳлати карантин ва дигар чораҳои пешгирикунандаро риоя менамоянд барои ҳимояи дигар наздикони худ. Сафархони М-вакили Ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсов

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 12-05-2020, 12:56:24 | Диданд: 272