ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10652]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6460]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6350]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5302]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4742]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4605]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4596]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4576]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4197]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. Ман амали бадахлоқонаи гурӯҳи террористиро дар марзи Тоҷкистону Афғонистон қотеона маҳкум менамоям,
2. АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ ВА ҶОНФИДОИҲОИ СОҲИБВАТАНОН.
3. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
4. ХУРШЕДИ МУЛКПАРВАРУ СУЛТОНИ ДОДГАР
5. МАРДЕ ШОИСТА ВА ЗИЁИЕ ИСТИСНОӢ, Ё ДОСТОНИ ҒАМУ ШОДӢ
6. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. ВОКУНИШ
8. ТЕРРОРИРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРИ БАРЗУРГИ АСР, ОМИЛИ НОАМНИЮ НОСУБОТИСТ
Омор
- Хабархо: 2448
- Расмхо: 39
- Онлайн: 10
- Хамаги омаданд: 98889
Изҳорот ба фитнаҳои навбатии Кабири
Изҳорот ба фитнаҳои навбатии Кабири Рўз аз рўз дар Тоҷикистони азизи мо пешравиҳои зиёде ба назар расида, ободу зебо, мардумаш худро озодтару хушбахт, дар фазои тинҷу ором умр ба сарбурда истодаанд. Ин ҳама пешравиҳову хушбахтиҳо душманони ин миллатро ба кибру ғурур оварда, дур аз Ватани азизи мо бо пайравии хоҷагонашон истода, чи гуфтану кор карданашонро баҳри халалдор намудани амнияти миллии мо намедонанд. Ман ба душманони миллат аз ҷумла хоини ватанфуруш Муҳиддин Кабири муроҷиат карда гуфтаниям беҳуда ғолибият ба даст овардану ба ин давлат бар гаштану ҳукмрони карданро фикр накунед, чунки халқи тоҷик он ҳама мусибатҳое, ки солҳои 90-ум ба сарашон овардед фаромуш накардаанд ва намехоҳанд бори дигар он рўзҳои сахтро дубора бубинанд. Халқи тоҷик хизматҳои Асозгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон-ро ҳеҷ гоҳ фаромўш намекунанд. Мақсаду мароми Пешвои миллат амнияти миллиро барои мардуми Тоҷикистон таъмин намудан ва сатҳи зиндагии шаҳрвандонро баланд бардоштан аст. Пешвои миллат он ҳама дастуру супоришҳое, ки ба мақомоти қудрати дар вилояти Бадахшон доданд барои амнияти мардуми Бадахшонро таъмин намудан буд. Бояд қайд намуд, ки мақомоти қудрати шабу рӯз баҳри амнияту субботи мардуми кишварамон хизматҳои шоиста намуда, талош бар он менамоянд, ки он шахсоние, ки бо ниятҳои ғаразноки худ дар ин ё он минтақаи Тоҷикистони азизи мо баҳри халалдор намудани амнияту субботи мардум таблиғоту ташвиқот бурдан мехоҳанд мубориза бурда тамоми чораҳоро меандешанд, то ин ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар ин ҳавои беғубори ин Ватан озодона умр ба сар баранд. Султон Бахтиёр – корманди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 21-05-2020, 14:55:48 | Диданд: 608