ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10502]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6359]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6169]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5245]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4597]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4523]
8. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4517]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4515]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4135]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат,
 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш | 
Хабархои навтарин
3. Муҳаммадиқболи Садриддин- хоини милат
5. ХОИНОН БА ТАРАҚҚИЁТУ ПЕШРАВИИ ТОҶИКИСТОН ҲАСАД МЕХУРАНД.
6. Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир
7. АҲАМИЯТИ ЗАБОН ДАР ТАРБИЯИ АХЛОҚИИ НАСЛИ НАВРАС !
8. Баъзе аз занак сифатон худро мард мегуянд! Аз ҷумла Гурӯҳи 24
9. Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм бояд ба вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад.
Омор
- Хабархо: 2439
 - Расмхо: 39
 - Онлайн: 1
 - Хамаги омаданд: 74068
 
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон
	
	ДУШАНБЕ, 27.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки соати 11:55-и 27 майи соли 2020 бархилофи созишномаҳои қаблан баимзорасида, шаҳрванди Қирғизистон Бахтибеков Соат, сокини деҳаи Куктоши ҷамоати деҳоти Оқсой ба сӯйи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Муътабархонум Шаропова (Муътабархонуми Зухриддин), соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи маҳаллаи Қақири Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва коргари бригадаи №14-уми тухмипарварии ҳамин маҳалла тир кушода, ӯро аз қисмати рости баданаш захмӣ кардааст.
Ин амали иғвоангезонаи сокини ҶҚ нишонаи кӯшиши ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ арзёбӣ мегардад, ки метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ дар ин минтақаи ҳассос барангезад.
Айни замон М. Шаропова дар ҳолати миёнаи вазнин дар беморхонаи шаҳрӣ бистарӣ гардида, мақомоти дахлдори ду давлат дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои мушаххас намудани ҷузъиёти қазияи бамиёномада миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.
	Маркази матбуоти Қӯшунҳои
	сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 27-05-2020, 15:08:09 | Диданд: 418