Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-6805]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5243]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-4544]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-3985]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3438]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3405]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3295]
9. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3214]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-2955]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. БОЯД МО АЗ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ХУДДОРӢ НАМОЕМ.
2. ХАТАРИ ИФРОТГАРОӢ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР!
3. Ифротгароӣ –яке аз падидаҳои номатлуб
4. Хаёлҳои хоми Муҳаммад Иқболи буздил
5. Хиёнат ба Ватан кирдорест нобахшиданиӣ.
8. ТЕРРОРИЗМ – ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР
Омор
- Хабархо: 2377
- Расмхо: 39
- Онлайн: 1
- Хамаги омаданд: 45704
Коҳиши бемории сироятии “COVID-19” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Коҳиши бемории сироятии “COVID-19” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бемории сироятии “коронавирус”, ки дар муддати кутоҳ дар тамоми давлатҳои ҷаҳон паҳн гардид, ҳамчун пандемия аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ пазируфта шуда, барои пешгирии паҳншавии он дастурҳо дода шуд. Ҳарчанд, ки ин вабо дар шароити рушду тараққиёт даъвои худро пайдо накард вале организми инсон тавонист, ки онро бартараф намояд. Барои пешгирӣ ва муолиҷа дар кишвари мо шароитҳо муҳайё карда шуда, тамоми сохторҳои дахлдор дар самти мубориза ба ин беморӣ саҳми худро гузоштанд. Бештари шаҳрвандон дар пешгирии ин беморӣ худро масъул шуморида, бо қадри имкониятҳояшон ба табибону маризон кӯмаки худро расониданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давраи ҳасос ҷиҳати ташкилӣ беморхонаҳои муваққатӣ тадбирҳои мушаххас андешид. Дар ҳақиқат ин бемори хатарнок ба беморие мубадал шудааст, ки аҳолии курраи саёраро ба ташвиш овардааст. Дар тамоми кишварҳои тараққиёфта маҳдудиятҳо роҳандозӣ шудаасту шаҳрвандон аз хона намебароянд. Шаҳрвандони давлатҳои хориҷ хабари расонаҳои давлатиро гуш медиҳанду иҷро мекунанд. Ба ин восита онҳо ин пандемияро паси сар намуданд. Баъди пурра барҳам хӯрдани низоми карантинӣ дар давлатҳои хориҷ ҳанӯз ҳам аҳолии онҳо бо ниқобу риояи қоидаҳои санитарӣ амал менамоянд. Онҳо талош доранд, ки дуюмбора ин вабо доман паҳн накунад. Кишвари азизи мо низ чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ барои аз байн бурдани бемории сироятии мазкур тамоми чораҳоро андеша намуд. Аз корҳои безараргардонӣ то таъминоти доруворӣ ва ташкилӣ беморхонаҳои муваққатӣ чораҳо андешида, ҳатто нафароне, ки дар ин ҷода мубориза мебаранд кӯмаку дастгириҳо кард. Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мо шоҳиди ҳол мегардем, ки вазъи гирифтори ба ин беморӣ рӯз то рӯз коҳиш меёбад. Умеду боварии комил аст, ки дар муддати кутоҳ ин беморӣ аз байн меравад. Аз ин лиҳоз ман аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба овозаҳо бовар накунанду қоидаҳои тозагиро риоя намуда худ ва наздиконашонро эмин нигоҳ доранд. Дар шароити кунуни аз сафар ба дигар ҷойҳо худдорӣ намуда, дар ҷойҳои серодам бе зарурият нараванд. Саломатии мо дар дасти худи мост ва мо баъди аз байн рафтани ин бемории сироятӣ бояд қоидаҳои гигиениро риоя намоему насли наврасро дар руҳияи тозакориву нигоҳу бини саломатӣ тарбия намоем. Сафар Ҳ.Р. раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 02-06-2020, 14:17:52 | Диданд: 303