МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

СУХАНЕ ЧАНД ДОИР БА ХИЁНАТҲОИ ҲАМДИЁРОНАМ

СУХАНЕ ЧАНД ДОИР БА ХИЁНАТҲОИ ҲАМДИЁРОНАМ

СУХАНЕ ЧАНД ДОИР БА ХИЁНАТҲОИ ҲАМДИЁРОНАМ

СУХАНЕ ЧАНД ДОИР БА ХИЁНАТҲОИ ҲАМДИЁРОНАМ

2018-02-26
153

Ба ҳамагон пӯшида нест, ки саркардагони ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ собиқ ҳамдиёрони  ман, сокинони хоҷагии “Туркманистон”-и ноҳияи Вахш  буда, фаъолияти онҳо аз ин макон маншаъ гирифтааст.

Мехоҳам  нисбати ин ҳизби хоину маккори солҳои тӯлонӣ бароям шинос ибрози андеша намоям.

 Ман  дар оилаи Эшони Тағайхуҷа ном рӯҳонии  машҳур тарбия ёфта ба камол расидаам. Тавре аз суҳбатҳои қиблагоҳам бармеояд, то пайдо шудани ин гурӯҳи навбаромад- «ваҳҳобиҳо» ва ё худ ҳизби наҳзати ислом тамоми домуллоҳо -  аҳли рӯҳониёни кишвар мисли фарзанди як падару модар ва акаю додар сарҷамъ аҳлона зиндагӣ мекардем. Бо ахлоқи обидонаи худ  соҳиби иззату эҳтироми аҳли ҷомеа гашта будему муносибату муоширати тарафайн миёни мо дар сатҳи баланди инсонӣ қарор дошт. Аҳли рӯҳонияти солҳои 50-уму 80-уми асри гузашта дар хусуси мавҷудияти ҳизб дар дини мубини ислом тасаввуроте надоштанду ва аз забони Устодон ва ё Пирзодаҳо ҳам дар ин хусус ҳарфе нашунида будем.

Ман ин сӣ соли сипарии қарни гузаштаро бо маҷмӯи каму костагиҳояш даврони тиллоии зиндагии мардуми тоҷик меҳисобам. Мардум дар он солҳо аҳлона заҳмат кашида, бо меҳру муҳҳабати хоса, ба обу хоки ин Ватан содиқона кору зиндагӣ мекарданд.

 Бо пайдоиши равияи «ваҳҳобия» ва зодаи он - Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар солҳои 80-уми асри гузашта, ки ман ҳаргиз  вожаҳои «ислом» ва «Тоҷикистон»-ро бо номи ин ҳизб васл кардан намехоҳам, дар байни аҳли рӯҳонияти кишвар ҳисси бадбинию нифоқ ва тафриқаандозӣ доман густурду тоату ибодат, тарзи либоспӯшӣ, гашту рафтор ва гуфтори бархе аз рӯҳониён ранги дигар гирифт. Оини гузоштани намозу ибодат дигар гашту шарҳу тафсири масоили фиқҳи исломии мазҳаби ҳанафия дар “таҳрири нав” миёни мардум роиҷ гардиданд. Кибру ғурур миёни аҳли уламо боло гирифт. «Домуллову мавлавиҳо»- и тозапайдо муллоҳои пешинро дар маъракаҳо бо алфози қабеҳ «саллакалону камсавод» гуфта мазаммат мекардагӣ шуданд. Хулласи калом, дар миёни аҳли рӯҳоният кину адоват ва нифоқ гулхан афрӯхт.

Саркардагони ҲНИТ мулло Абдуллои Нурӣ, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Қори Муҳаммадҷон, мулло Қиёмиддин, мулло Усмон Давлатзода, мулло Қаландар  ва дигарон  кӯшиш ба харҷ медоданд, ки қариб дар ҳама маъракаҳои азодорӣ байни омма ва   муллоҳо баҳсҳо дар масоили фиқҳи исломӣ бархезаду дар ҳаллу тафсири он муллоҳо ҳамдигарро бо ҷурмӣ бесаводӣ саркуб намоянд.

 Баҳсҳои байни аҳли рӯҳоният чеҳраҳои нави «тозафикр»-ро, ки  таҳсилоти динии мадрасаҳои исломии Миср, Эрон, Покистон доштанд, байни мардуми омӣ шуҳратёру соҳибкиром гардонид. Дар масоили риояи маносику  аҳкоми шариати дини мубини ислом дар байни мардум тафриқа ба миён омад. Имомхатибон бе салла ва  муқтадиён бо сари лучу тани нимбараҳна ба намоз ҳозир мешудагӣ шуданду суннатҳои муаккада ва мустаҳабот чӣ дар дохил ва чӣ берун аз намоз риоя намегардиданд.

Сустшавии пояи давлатдории шуравӣ дар давраи солҳои 1986-1990 барои ба вуҷуд омадани ҷараёнҳои нави ақоидӣ дар ҷумҳуриҳои мусулмонии шуравӣ, минҷумла дар Тоҷикистон заминаи муносиб фароҳам оварда нерӯи тоза бахшид. Бо истифода аз шароити муносиб душманони миллат бо дастгирии эммисарҳои хориҷии худ дар байни аҳолии кишвар афкори ақоидии ҷараёни тундраву ифротгарои «ваҳҳобия»-ро ҷой ва мунташир сохта, бо ҷалби шахсони аламзада ва маҳкумгардидаи сиёсати даврони шуравӣ  иттиҳоди сиёсӣ ва диние бо номи Ҳизби наҳзати ислом тасъсис доданд.

Маросиму маъракаҳои мардум дар саросари кишвар барои  наҳзатиҳо-«исломшиносони нав» минбари таблиғ ва ҳидоят ба «озодандешӣ» ва «демократия» гардид. Онҳо аз сустшавии пояҳои давлатдорӣ дар кишвар истифода намуда, атрофи худ шахсони ба сиёсати ҳукмрон мухолиф, ноустувор, калаванда ва ба ақидаҳои тундрав майлдоштаро ҷамъ намуда, рӯз ба рӯз доираи фаъолият ва нуфузи худро дар байни аҳолӣ зиёд намуда, “лидерони” нави худро пайдо карданд. Кафкафаи такаббур ва ноил шудан ба боварии бархе аз қишрҳои аҳолии ҷомеа саркардагони ин ҳизбро ба болонишинию мансабталошӣ водор намуд.

 Наҳзатиҳо ё худ ваҳҳобиҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ мардуми сода, раҳгумзада ва ноогоҳро атрофии худ ҷамъ намуда, чун аслиҳаи муносиби ҳарбӣ ба муқобили дасгоҳи идоракунии умури давлатӣ барангехтанд. Моҳи феврали соли 1992 чун нишони эътироз ба сиёсати ҳукмрон мардумро ба роҳпаймоӣ даъват намуда, издиҳоми ҷамъомадагонро ба ғасби давлати конститутсионӣ роҳнамо сохтанд. Дар масири задухӯрди байни тарафҳо аз ду ҷониб ҳам одамон талаф ёфта, қурбони фитнаи мансабталабон гардиданд. Ҳазорон нафар аҳолии кишвар аз ин амали нангин ба ғазаб омада, барои ҷонибдороии яке аз тарафҳои мухолиф - давлати кониститутсионӣ ва гурӯҳҳои мухолифин ба сӯи  пойтахт ҳаракат карда, майдоннишинӣ карданд. Аз ҷониби гурӯҳҳои мухолифини наҳзатӣ талаби исеъфои Ҳукумати конститутсионӣ ба миён омад. Ҷанги шаҳрвандӣ авҷ гирифт. Кишвар оғуштаи хун гардид. Ҷавонони зиёде кушта шуданд. Мардум хонаву дар, зану фарзанд ва ёру бародар гум каданд. Фазои яъсу ноумедиҳо мамлакатро фаро гирифт. «Алломаву мавлавиҳо» ва «фозилону озодандешон» - саркардагони Ҳизби наҳзати ислом ташкилкунандагони бенизомиҳо дар кишвар хоинона ҳаммаслакони худ-тӯдаи мардумони раҳгумзадаро паси сангарҳо бесоҳиб партофта, бо умеди ихтиёри зиндагии орому осуда дар хориҷи кишвар аз Ватан фирор намуданд…

 Ана ин буд садоқати Ҳизби наҳзати ислом ва саркардагони он ба халқу Ватан, ки дар таърих бо хуни рехтаи мардуми бегуноҳ ва заҳматкаши тоҷик навишта…

Ҳазорон бор шукр мегӯем, ки мардуми тоҷикро хиради азалӣ боло гирифту зери партави сиёсат ва раҳнамоии хирадмандонаи  фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аланга задани ҷанги шаҳрандӣ дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва хомӯш карда шуд. Шартномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Давлати қонунӣ халъи силоҳ гузаронид ва дар дили мардуми мусибатзада нишонаҳои умед ба зиндагии осуда ва ояндаи нек падид омад.

Бо мақсади пойдор мондани адолати иҷтимоӣ дар кишвар бо дастгирии бевоситаи Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони ин ҳизби хунхор дар парлумони кишвар ҷой гирифта, дар ҳамаи мансабҳои зинаҳои мухталифи идораи давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба кор таъйин карда шуданд, ҳолон ки аксари кулли мардуми  кишвар ба ин амал тарафдор набуданд.

Мардум таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ба корҳои созандагию ободонӣ камар баста, бо заҳматҳои сангин зиндагии худро ба маҷро даровард. Имрӯз мо ба як сатҳи зиндагии муносиб муваффақ гардидаему сарзамини мо- Ватани мо ҷаннати рӯи заминро мемонад.

 Мутаасифона, сарфи назар аз ҳамаи ин гузашту дастгириҳо ва бовариҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвоӣ миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба саркардагон ва пайравони ин ҳизб, эшон то ҳанӯз дар дил нисбат ба ин  давлату ин миллат ва нисбати Пешвои муаззами он ниятҳои бад мепарваранд ва баҳри ноил гардидан ба ҳадафи ниҳоии худ-ғасби давлати конститутсионӣ ва ба даст гирифтани зимоми умури давлатдорӣ зери сарпарастии хоҷагони хориҷии худ нақшаҳои нав ба нав тарҳрезӣ менамоянд. Амалҳои нангини аз рӯи нақшаи  тарҳрезинамудаи роҳбари Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва хоҷагони хориҷӣ анҷомдодаи Ҳоҷӣ Ҳалим далели равшан ва тасдиқкунандаи гуфтаҳои болост. Барои зиндагии хушу гуворо ба ин тоифа мардон чӣ намерасид?, мансаб?, вазифа?, пулу мол? ҷоҳу ҷалол?...

Ба амалҳои ноҷавонмардонаи ин ду фард ва ҳаммаслакони ҳизбии онҳо назар карда, ба алҳақ будани каломи Саъдии бузургвор: «Оқибат гургзода гург шавад, Гарчи бо одамӣ бузург шавад» аҳсант мегӯем.

Ман бо эътимоди том гуфта метавонам, ки мардуми тоҷик, хурду бузурги ин диёр аз таҷрибаи талхи солҳои гузашта дарси сабақ омӯхтааст ва дар пешбурди рӯзгор ва давлаттдории хеш  ба «эҳсон ва раҳнамоиҳо»-и ин ҳизб ва пайравону хоҷагони онҳо мибаъд низ эътимод надорад. Ва хоҳони он ҳам нестем, ки ҳар ватанфурӯше берун аз Ватан худро аз «шахсиятҳои шинохтаи тоҷик» муаррифӣ кунаду баҳри дастгирии ояндаи «рӯзгори пурсаодат»-и ин миллат берун аз марзи Тоҷикистон  анҷумане бо номи «озодандешони тоҷик» ороста кунад ва дар хусуси тақдири масири ин миллат дар анҷумане ҳарф занад. Зеро воқеан дуруст аст, ки ҳеҷ ғуломе наметавонад озодандешо бошад!

Ҳикматуллои Сиҷоат,

сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Вахш бознашр аз сомонаи Шурои уламо

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 22-03-2018, 17:53:04 | Диданд: 935