МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Баҳси марзи Тоҷикистону Қирғизистон.

Баҳси марзи Тоҷикистону Қирғизистон.

Баҳси марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, асосан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд. Чанд сол пеш даҳҳо моҷароҳои марзӣ дар байни сокинони ду кишвар боис ба кушта шудани як чанд нафар гардидааст. Мақомоти маҳаллӣ аз ҳарду тараф ҳам мегӯянд, то замоне, ки мушкилии аломатгузории марз ҳал нашавад, даъвоҳо барои дастрасӣ ба манбаи об, замину роҳ ва чарогоҳҳо хотима намеёбад. Сироҷиддин Муҳиддин, вазири умуми хориҷии Тоҷикистон, моҳи феврали имсол гуфта буд, ки дар мулоқот бо ҳамтои қирғизаш ҳалли масоили сарҳадиро баррасӣ кардааст. Ӯ афзуд мутмаин аст баъд аз ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъин ва аломатгузории хатти сарҳади байни ин кишварҳо “ҷараёни гуфтугӯҳо тезонида мешавад ва мулоқот бештар натиҷаи амалӣ хоҳан овард”. Решаи мушкилот дар мавқеи ҷонибҳо аст, ки як кишвар ба харитаи солҳои 1920-ум ва ҷониби дигар ба харитаи сарҳадии солҳои 1950-ум такя мекунад. Солҳои охир сарбозони мо ҷиҳати муҳофизати сарҳад ва таъмини сулҳу оромӣ тамоми кушишҳои худро ба харҷ дода истодаанд. Тибқи мушоҳидаҳо солҳои охир вазъият миёни марзи қишвари мо –Тоҷиқистон ва Қирғизистон қаноатқунанда набуда, нофаҳмиҳо миёни марзбонони Тоҷиқистон ва Қирғизистон сар зада истодааст, ки мутаассифона, боиси ба ҳалоқат расидани сарбозон ва шаҳрвандони деҳаҳои Чоркуҳ ва Ворухи шаҳри Исфараи мамлакати мо гардид. Сабаби сар задании ин муноқишаҳо пеш аз ҳама аз тарафи шаҳрвандони Чумҳурии Қиргизистон аз худ намудани заминҳои чарогоҳе, ки ба кишвари мо тааллуқ дорад, ба шумор меравад. Ҳарчанд, гуфтушунидҳо миёни роҳбарияти давлату Ҳукумати мо ва Қирғизистон якчанд маротиба шуда гузашт, лекин аз ҷониби Ҳуқумати Ҷумҳурии Қирғизистон тадбиру чораҳо ҷиҳати ин мушкили андешида нашудааст. Сокини ноҳияи Восеъ: Ҷонова С

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 12-06-2020, 12:36:13 | Диданд: 259