ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10198]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6210]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5972]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5060]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4411]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4380]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4366]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4352]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3996]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2425
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 65262
ОИД БА ВАЗЪИЯТ ДАР АФҒОНИСТОН

Новобаста аз кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистон дар самти ба эътидол овардани вазъ ва иҷрои талаботи Созишномаи сулҳ миёни Ҳаракати Толибон ва ИМА
Рӯз ба рӯз дар ин кишвари ҳамсоя вазъияти амниятӣ мураккаб гардида, неруҳои тундрави исломӣ, Ҳаракати Толибон ва ташкилотҳои дигари террористӣ куштори шаҳрвандони мулкиро афзоши медиҳанд. Мувофиқи иттилои расмии Шӯрои амнияти миллии Афғонистон, танҳо дар давоми ду ҳафтаи охир 90 нафар шаҳрвандони ин кишвар бар асари ҳамлаҳои гурӯҳҳои исломии ифротӣ кушта шудаанд. Ғайр аз ин, дар ҳоле, ки Ҳукумат фаъолиятро оид ба барқарорсозии сулҳ идома медиҳад, ҳатто дар давоми моҳи рамазон ва баъд аз он низ, гурӯҳҳои террористии исломӣ зӯровариро нисбат ба мардуми бегуноҳ тақвият бахшида, дар ин муддат 150 нафарро дар 29 вилоят маҷрӯҳ кардаанд.
Ҳамзамон, дар як ҳафтаи охир террористони исломӣ дар 2 масҷиди шаҳри Кобул ва дар масҷиди вулусолии Чоҳи Оби вилояти Тахор амалҳои террористиро роҳандозӣ карда, 3 имомхатиб ва даҳҳо нафарро куштаву захмӣ кардаанд.
Коршиносони сиёсию амниятӣ бар он назаранд, ки сабаби аслии нооромии вазъ дар Афғонистон фаъолияти гурӯҳҳои исломгарои ифротӣ буда, омили асосии беш аз 40 сол идома ёфтани ҷангу хунрезӣ ва террор дар ин кишвар сиёсӣ намудани дини ислом ба ҳисоб меравад.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 14-06-2020, 15:18:18 | Диданд: 391