МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Сарҳад

Сарҳад

Сарҳад Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбат ба кишвару амну суботи мо душманонамон ҳаргуна хабарҳои беасосу туҳматомез руи чоп меоранд, ки ба ҷузъ фитнаангези чизе дигаре нест. Агар ин зумра касон ки хешро дилсӯзи миллион медонанд воқеан ҳам чунин мешуданд дар ин марҳилае, ки тамоми ҷаҳон аз коронавирус COVID-19 азият мекашанд ба ҷои ҳаргуна фитнаангезиҳо аз дур ҳам бошад ба мардум тасаллоҳе медиҳанд. Мо мардуми тоҷик ҳамеша ҳушёрему миёни дусту душман ба накӯи фарқ мегузорем. Ватандусту ватанхоҳон касест, ки дар Ватан дар паҳлуи халқи хеш истода баҳри ободии миллат заҳмат мекашад, на тарки Ватан намуда ҷилаби ақлониашро ба дасти дигаре дода аз рӯи нишондоди он амал мекунад. Ҳоло мардуми шарафманди мо дар зери парҷами Ваҳдати миллӣ мутаҳид шуда баҳри рушду дурнамои кишвар софдилона меҳнат намуда истодаанд. Ҳамин дилгармии мо ба Ватан бо ҳамдигари буд, ки мо бемории коронавирусро шикаст дода рӯз ба рӯз гирифторони ин бемори коҳиш меёбад. Воқеаҳои солҳои навадуми асри гузашта ҳодисаҳои даҳшатовари мамлакти Яман, Ироқ, Шому Фаластин ва Афғонистон дарси хубест баҳри мардуми мо. Маҳз ҳамин хизмати хирсонаи шумо буд, ки дар солҳои навадуми асри гузашта шумораи зиёди мардум ба ҳалокат расид. Гузашта аз ҳамаи ин дар қаламрави Афғонистон қабристони гурезагони тоҷик пайдо шуд, ҳазорон ҳазор нафар ҳамватанони мо қариб гур гаштанд. Мо тавонистем зарари иқтисодии ин ҷанги оғоз намудаи шуморо ба меҳати софдилонаи худ барқарор намоем, аммо он захмҳое, ки дар қалбҳо пайдо шуда буд солҳо лозим, ки то андаке шифо ёбад. Мувофиқи таъкиди сарвари давлат мо мардуми тоҷик ба ҳеҷ гуна сиёсатбозиҳо дода нашуда, ҳар кадоме дар ҷодаи хеш паи иҷрои вазифаҳоямон мебошем, то кишварамон боз ҳам ободу зебо гардаду дар сатҳи ҷаҳони ин сарзамини биҳиштсаро чун давлати сулҳдуст амнияташ таъмин шиносанд. Сармутахассисаи шуъбаи маориф: Р.Солеҳов

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 15-06-2020, 14:25:53 | Диданд: 264