МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Дар муттаҳидди бар зиди коронавирус мубориза мебарем!

Дар муттаҳидди бар зиди коронавирус мубориза мебарем!

Дар муттаҳидди бар зиди коронавирус мубориза мебарем! Мо бар зидди коронавирус наметавонем як соҳаро муваззаф намоему тамоми мушкилотро бар сари он бор намоем. Ин бемори аз ҷиҳати сохти биологӣ бисёр зираку ноаён шуморида шуда ва ба зуди миёни анбуҳи одамон паҳн мегардад. Барои пешгирии ин бемори оддитарин амал метавонад моро аз ин касали сирояти эмин нигоҳ дорад. Мо ҳамеша дар зиндагии муқаррарии худ бо навиштае бармехӯрдему ба худи дигарон таъкид ҳам мекардем. “Тозагӣ гарави саломатист”. Инро ба забон меовардему ҷавҳари онро амиқ дарк намекардем. Худбовариҳои зиёд доштем. Муҳити зисти зудро аз ҳавлиҷой то кӯчаву маҳалла кам ба эътибор мегирифтем. Хоса иншабурӯз ба COVID-19, ки пешорӯи мо истодааст, вусъати поккориҳо, риояи ҳамешагии гигиенаи шахсӣ, истифодаи саривақтии маҳлулҳои антисептикӣ, пӯшидани ниқоб дар ҳолатҳои зарурӣ лозиманд. Ва болотар аз ҳама ва шояд муҳимтар аз ҳама қавигардонидани неруҳои ақлонии ҳамдигарӣ бо ҳақиқате, ки инсон қудрати раҳоӣ аз ҳама муқобилатҳои табииро дорост, паҳлуи ҳам истодану дар Ваҳдати зичтари якдигарӣ ба фарзияи маъмулӣ “як кас барои ҳама, ҳама барои як кас” зиндагиро дилпурона пеш барем. Мо барои муборизаи шадид ба ин душмани ноаён ҳар як нафар худро масъул шуморида ҳаёти ҳамдиёронамонро эмин нигоҳ дорем. Вақти он аст, ки ба муқобили душмани ноаён бо маърифати баландӣ аждодӣ истодагарӣ кунем. Сафар Ҳ.Р. раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 16-06-2020, 14:23:26 | Диданд: 267