МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

БОЯД МО ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗАМОНРО АЗ ҲАРГУНА ХОИНИ ВАТАНФӮУРУШ ҲИФЗ НАМОЕМ.

БОЯД МО ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗАМОНРО АЗ ҲАРГУНА ХОИНИ ВАТАНФӮУРУШ ҲИФЗ НАМОЕМ.

БОЯД МО ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗАМОНРО АЗ ҲАРГУНА ХОИНИ ВАТАНФӮУРУШ ҲИФЗ НАМОЕМ. Ин хоини миллат дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона дорад ва инсони дарбадар дур аз Ватан мебошад. Чунин аст ҷазои чунин касоне, ки Ватану миллати худро мефурушад. Ва чунин хиёнаткорро на Ватан ва на ҷомеъа ҳеҷ гоҳ намебахшад. Муҳиддин Кабирӣ, ҳамчунин дар зимни суҳбати худ бо як рӯзноманигор доир ба идома додани муборизаи сиёсии худ ба муқобили давлату Ҳукумати қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёни афкор намуд. Дар асоси гуфтору пиндори Муҳиддин Кабирӣ роҳбарияти олии имрӯзаи кишвар мехоҳад, ки дар Тоҷикистон гурӯҳҳои хурди силоҳдор, тундраву ифротгаро мавҷуд бошанд, то онҳо ба воситаи амалҳои нодурусту зӯроваронаи худ дар ҷомеа фазои нооромию нобовариро ба вуҷуд оварад ва ҳукумат онҳоро саркӯб намуда, аз ин вазъият ба суди худ суистифода бикунад. Ин ба он мазмун аст, ки агар вазъияти амниятии кишвар ноором бошад, дар он ҳолат дар чунин мамлакат ва ҷомеа аз демократия, озодии афкор ва фаъолнокии институтҳои шаҳрвандӣ сухан гуфтан ва иҷрои пурраи ин равандҳоро талаб кардан чандон дуруст нест. Мардуми шарифи тоҷик ва хосса ҷавонони саодатёри он шукри ободию озодӣ ва истиқлолияти меҳан менамоем, рушди босуръати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро бо чашми худ мебинанд ва аз сиёсати муваффақона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан ҷонибдорӣ мекунанд. Саҳми арзанда ва хизмати шабонарузи ва шуҷоати милли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз дар кишвари мо сулҳу осоиш ва оромии ҷомеъа ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат арзёби мегардад. “Беҳуда шоирони бузурги мо гуфтаанд, ки бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасанд. Мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оила: Неъмонова Н

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 17-06-2020, 09:48:59 | Диданд: 263