МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Пандемияи Covid-19 хатар ба ҷони инсонҳост

Пандемияи Covid-19 хатар ба ҷони инсонҳост

Пандемияи Covid-19 хатар ба ҷони инсонҳост Бо пайдо шудани Коронавируси Covid-19 ҷомеаи ҷаҳонӣ ба як вартаи мушкиле дучор омад. Барои раҳои аз ин варта аз сиёсатмадорон сар карда, то иқтисоддонону ходимони дигар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ заҳматҳои зиёде кашидаанд. То ҷое маълум аст, авҷи хуруҷи ин вирус аллакай гузаштаву тақрибан ба ҳолати муътадил расидааст. Ба андешаи коршинос мо бояд муҳимтар аз ҳама гуфтаи Абўали Ибни Сино «Таҳлука ва эҳсоси тарс аллакай ними бемори буда, оромиш ними сиҳат шавист, сабр аллакай ними солимист»- ро як ҷузъи фарҳанги хеш донем. Ин пандемия ба ҳолати равонии инсон таъсир гузор аст. Мавриди зикр аст, ки ба ҳолати 18 уми июни соли 2020 шумораи гирифторони Covid-19 дар Тоҷикистон ба 5221 расид. Ба иттилои расмӣ аз замони бақайдгирии ин вирус дар Тоҷикистон 3700 нафар ё 68 дарсади беморон шифо ёфта, 51 нафар вафот кардааст. Хулоса, хатари коронавирус рўзе ҳатман нест мешавад ва мардум ба зиндагии муқаррарӣ бар хоҳанд гашт. Бояд вазъи равонии хешро эҳтиёт намуда ба воҳима дода нашавем. Вале муҳим ин, ки пандемия барои аҳолии ҷаҳон дарси сабр, эътимод ба табибон, хайрхоҳӣ ва муҳим аз ҳама тарзи дурусти риояи гигиенаи шахсиро омўхт. Чи тавре, ки Президенти кишварамон қайд намуданд, ки дар ҳар як ноҳияҳо муассисаҳои тандурустӣ мансуб ба пешгирии чунин вирусҳо сохта шавад. Соҳибкорони маҳаллӣ яке аз қувваҳои намоёни ҷомеаи шаҳрванди буда барои бунёди чунин муассисаҳои тандурустӣ метавонанд саҳми арзандаи худро гузоранд. Мутаасифона баъд аз пайдоиши ин вируси марговар маълум гашт, ки баъзе аз соҳаҳои иҷтимоии аз ҷумла соҳаи тандурустӣ дар мубориза бар зидди чунин пандемияҳо мутаасифона ба таври зарури тайёр набуд ва ин боз гувоҳи аз он медиҳад, ки мо мунтазам ба ҳар чи бештар баҳри бунёди инфрасохторҳои ҳаётан муҳими соҳаи иҷтимоӣ дар ҳамкори бо тамоми мақомотҳои давлатӣ ҳамкори намуда, дар пешрафти ватани азизамон саҳмгузор бошем. Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши н. Восеъ Султон Бахтиёр Ғафур

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 18-06-2020, 14:20:59 | Диданд: 291