ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10198]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6210]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5972]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5060]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4411]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4380]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4366]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4352]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3996]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2425
- Расмхо: 39
- Онлайн: 1
- Хамаги омаданд: 65272
Зурзаниҳои беҳудаи инсонҳои нопок.

Зурзаниҳои беҳудаи инсонҳои нопок. Тавре таҳлилҳои ҳодисаҳои чанд соли охир нишон медиҳанд, ҳизби фаъолияташ мамнуъи наҳзати исломӣ дар тӯли фаъолияти бистучансолаи худ новобаста аз он, ки ба сари мардум чӣ балоҳоеро овардааст, аммо ҳамоно аз ин кирдорҳои нангинаш на танҳо изҳори пӯшаймонӣ накардааст, балки он ҳама ҷинояткориҳои содиркардаи худро мояи ифтихору сарбаландӣ меҳисобаду пайваста дар тӯли мавҷудияташ ҷавонони роҳгумзадаро ба гирди худ ҷамъ мекарду дар замирашон тухми нифоқу кина нисбати имрӯзу ояндаи ин давлату милат мекошт. Замоне, ки расман фаъолият мекард, ба таври доимӣ дар дафтари ҳизб ҳаргуна ҷамомаду маҷлисҳои дурӯғин ташкил карда, дар онҷойҳо дарду алами худро аз ҳукумати Тоҷикистон меситонду аз гузаштагони наҳзатӣ ҳамчун пайғамбар ёд мекард. Наҳзатиёни мансабталош барои ноилшудан бо ниятҳои нопокашон дар назди аҷнабиён худро ҷавлон дода, маҷлису нишастҳояшонро бидуни эшон намегузарониданд. Ҳар сухани хоҷагони хориҷиашонро ба ҷону дил мепазируфтаанду аз хати кашидаи эшон берун намебаромадаанд. Пас аз ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 баста шудани ҳизбашон, онҳо роҳи муборизаро дар хориҷи кишвар диданд. Бо ташкили ҳаргуна пикетҳо дар назди сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар он давлатҳо имиҷи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ латма ворид кардани мешаванд. Аммо, ҳамаи ин бадкориҳо худро ҳолоҳам кам дониста, барои бенизом гардонидани Тоҷикистон тамоми саъю талошҳои худро ба роҳ мемонанд. Тавре аз ВАО маълум аст, пас аз баста шудани сомонаи расмии ин ҳизб, дар ҳол сомонаҳои дигареро фаъол намуданд, то ҳуҷумҳои иттилоотии худро бар зидди сохти контитутсионӣ ва барҳам задани сулҳу субот ва оромӣ дар кишвар бозҳам идома диҳанд. Конфронси илмию амалӣ-е, ки дар мавзӯи Таҳдиду хатарҳои ҲНИТ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, наҳзатҳои гумномро нигарон намуда, дар ҳол ба ҳуҷумҳои иттилоотӣ гузаштанд. Нигаронии наҳзатиҳо пеш аз ҳама дар он аст, ки дар ин конфронс намояндагони сафоратҳои 20 кишвари хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доштанд. Хусусияти наҳзатиҳои ифротӣ чунин аст, ки ҳамарӯз талош бар он менамоян, ки бӯҳроне созанду онро барои тамоми ҷомеа нишон диҳанд. Ҳар нафар, ки зидди сулҳу субот ва оромии кишвар ҳарфе ба забон ораду сухани ироа намояд, аз он меболанду хушҳол мешаванд. Гуё тоҷик набошанд ва милати тоҷик барояшон бегона аст. Ба хотири ситонидани қасоси имрӯз омодаанд, даст ба ҳама кор зананд. Саволи асосӣ инаст, ки онҳо аз ки интиқом гирифтаниянд, ки имрӯз даст ба таҳқир мезанад? Қасос аз милат, аз Ватан, аз ободии кишвар. Новобаста аз он, ки онро эътироф намекунад, аммо тарзи фаъолияти эшон нишон медиҳад, фикру назар ақидаву андешаҳояшон айнан мисли ақидаҳои Толибону Давлатҳои исломӣ, ҳаракати исломии дигар созмонҳои террористӣ мебошад. Чи тавре, ки барои ташкилотҳои террористи пешрафти Афғонистон ғайри қобили қабул аст, барои ҳизби мамнуиъ наҳзати исломӣ низ пешрафти Тоҷикистон устухонест дар гулӯ. Сулҳу субот, амният ва зиндагии беҳтари тоҷику тоҷикистониёнро қабул надоранду аз беҳ шудани сатҳи зиндагии мардум нороҳат мегарданд. Онҳо бо даъвоҳои дурӯғини демократия хоҳиши рахна намудан бар ваҳдату муттаҳиди миллат мебошанд. Ин исломиҳо сиёсати таҷрибаи тафриқаандозиро ба сари миллати тоҷик оварда буданд. Ёқубҷон Ализода – сокини ноҳияи Восеъ .
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 19-06-2020, 12:45:58 | Диданд: 325