МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хиёнаткорро ҳеҷ вақт намебахшанд!

Хиёнаткорро ҳеҷ вақт намебахшанд!

Хиёнаткорро ҳеҷ вақт намебахшанд! Вақте, ки дар шабакаҳои телевизионӣ наворҳои солҳои 90-умро намоиш медиҳанд, ҳамаи он лаҳзаҳое, ки ҳамон вақт бо ду чашми худ дида будам пеши назарам меояд. Дар ҳақиқат солҳои 90-ум барои ман солҳои вазнин ва тарсу ваҳм буд. Амният вуҷуд надошт, касе ки яроқу аслиҳа дошт зури мекард ва ба хонае касе ки мехост медаромад. Мардум аз вазъияти ҷанг ба манфиати худ истифода мебурданд. Ҳатто гуруҳҳои ғаразнок байни маҳаллаҳо низоъ меандохтанду хонаҳоро талаву тороҷ мекарданд. Мардумро гуруснагӣ, набудани ҷойи кор сахт азият медод. Аз як ноҳия ба ноҳияи дигар рафтан душвор буд. Бо ташаббуси созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои раҳои мардум аз гуруснагӣ кишти кор дар заминҳои лалмӣ ва додани замини президентӣ ба аҳолӣ иҷозат дода шуд. Маҳз ин дастгирии Ҳукумати кишвар шаҳрвандонро аз гуруснагӣ раҳо бахшида сол аз сол маҳсулоти хӯрокворӣ афзун гардид. Мардуми сарсону саргардон, ки аз оташи ҷанги хонумонсӯз тарки кишвар карда буданд маҳз бо талоши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ватан баргардонида шуданд. Давлати мо ба мисли киштие буд, ки 90 дар садаш зери об монда буд. Талош ва хизматҳои бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони фарзонаи миллат буданд, ки ин кишти руи об баромада шино кард. Ин ҳама азобу машақатро нафарони ғаразнок чун Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ба гардани мардуми тоҷик бор намуданд. Ва ҳазорҳо нафарро қурбонӣ ин ҷангӣ бародарӣ карданд. Тоҷикон бо азобу машақат давлати худро ташкил намудаанд ва чунин нафарон ба мисли Муҳиддин Кабирӣ аз хориҷи кишвар маблағ гирифта мақсади ноамн намудани сарзамини аҷдодии худро мекунанд. Нафаре, ки зидди давлату миллати худ аз барои маблағ фаъолият мекунад ӯ хиёнаткор аст. Хиёнаткорро ҳеҷ вақт намебахшанд ва ҳазорсолаҳо номаш дар таърих мемонад. Сафар Ҳ.Р.-раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 23-06-2020, 14:36:30 | Диданд: 264