МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хифзи марзу бум –ва ҳимояи манфиатхои миллӣ қарзи ҳар як шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст!

Хифзи марзу бум –ва ҳимояи манфиатхои миллӣ қарзи  ҳар як шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст!

Хифзи марзу бум –ва ҳимояи манфиатхои миллӣ қарзи ҳар як шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст! Даме, ки ман Ватан гуям, ба васфи он сухан гуям, Диёре дар назар дорам , ки бо он шоду озодам . Ба ҳар як куяш гузар дорам, расад ҳар дам ба фарёдам, Тоҷикистон номи неки уст, чуҷон дорам уро дуст. Бале, ҳар даме, ки мо Ватан мегуем ва бар васфи он сухан меронем, пеши назарамон диёри сарсабзу хурраму ободу ҷилвагар мешавад ва ин диёри арҷмандро ном ТОҶИКИСТОН аст! Барои ободиву ороми, ҳифзу нигоҳбонии он сарбозони Ватан ҳомиёни марзу буми кишвар Ҷонфидоиву хидмати бузург менамоянд.Дар ҳақиқат ҳам, аз рузхои ба даст овардани истиқлолияту соҳибихтиёри ва Ваҳдату якпорчагии милли ва аз санаи ташкилёбии Кувваҳои Мусаллаҳи ҶТ сарбозони мо бо дасту дили нек ва ҳисси баланди ифтихор аз гузаштаву ҳозираи хеш сарҳаду хати марзу буми меҳани азизамонро дар тамоми ҳудуди мамлакат нигаҳбони намуда истодаанд. Раванди ҳифзу нигоҳбонии сарҳад дар Тоҷикистон бо беҳтар гардидани инфрасохтори зисту зиндагони ва шароити сарбозон руз то руз дар сатҳи хубтар қарор гирифта истодааст, зеро давлату ҳукумати мамлакат барои таъмини Қушунҳои сарҳади бо ҳама тачҳизот ва лавозимоти Ҷанги тамоми тадбирҳои муассир ва саривақтиро андешида истодааст. Муҳайё гардидани чунин шароитҳои хуби хизмати аз ҳар як афсар васарбозони содики Ватан такозо менамояд,ки хизматро баҳри ободи ва тинҷию аммонии кишвар сидқан баҷо оварда, он вазифаҳое, ки дар назди онхо гузошта мешаванд, бо сари баланд, бошарафона ва саршор аз ҳисси баланди Ватандусти иҷро намоянд, зеро ҳифзи Ватан, таъмини субботу ороми, ҳимояи марзу бум ва сокинони он, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст! Корманди бахши кор бо Ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ: А. Иброҳимов.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 02-07-2020, 15:47:51 | Диданд: 390