ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10200]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6211]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5974]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5062]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4413]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4382]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4368]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4354]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3998]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2425
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 65332
Барои пешгирии хуруҷи марҳилаи дуюми бемории коронавирус бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шавад!

Барои пешгирии хуруҷи марҳилаи дуюми бемории коронавирус бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шавад! Мо барои пешгирии бемории сирояти нави коронавирус дар кишвар тамоми чораҳоро амалӣ намуда, барои беморон беморхонаҳои муваққатӣ ташкил намудем. Бино ба иттилоъи мутахассисони соҳа ин бемори дар фасли гармо бояд коҳиш меёфт. Аммо касе хатари хуруҷи дуюми ин бемориро пешгӯи намекард. Зеро мардум аз хуруҷи якуми ин беморӣ дар ҳарос буданду роҳи наҷот мекофтанд. Баъди андешидани тадбирҳои мушаххас оид ба пешгирии бемории коронавирус аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон бо руҳияи қави дигар аз ин беморӣ ба таҳлука намеафтоданд. Лек аз руи таҷриба, ки дар давлатҳои ҷаҳон ва минтақа ин бемори маротибаи дуюм хуруҷ карда истодааст мо бояд дар риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ зирак бошему нагузорем, ки маротибаи дуюм ин беморӣ шаҳрвандони моро сироят намояд. Барои пешгирии бемории мазкур нақши ҳар як шаҳрванд ҳатмӣ мебошад. Дар ин радиф моро зарур аст, ки зери шиоре муттаҳид шуда нагузорем, ки шаҳрвандон дар пешгирии ин беморӣ бетарафӣ кунанд. Мо барои ҳимояи оила ва наздикони худ доимо ниқоб баста, қоидаҳои гигиенаи шахсиро ба таври ҳатмӣ риоя намоем. Ҳарчанд, ки барои набастани ниқоб ҷарима аз ҷониби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад ҳам аммо шаҳрвандон бояд бо дарки масъулияти баландӣ шаҳрвандӣ дар пешгирии беморӣ истодагарӣ кунанд. Бемории коронавирус ба тамоми соҳаҳо хисроти худро расонид. Рафтуомад ва бештари содирот ва воридотро манъ кард аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки бар зидди ин душмани ноаён зирак бошему онро аз саёра берун намоем. С.Мирзоев сокини ноҳияи Восеъ Барои пешгирии хуруҷи марҳилаи дуюми бемории коронавирус бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шавад! Мо барои пешгирии бемории сирояти нави коронавирус дар кишвар тамоми чораҳоро амалӣ намуда, барои беморон беморхонаҳои муваққатӣ ташкил намудем. Бино ба иттилоъи мутахассисони соҳа ин бемори дар фасли гармо бояд коҳиш меёфт. Аммо касе хатари хуруҷи дуюми ин бемориро пешгӯи намекард. Зеро мардум аз хуруҷи якуми ин беморӣ дар ҳарос буданду роҳи наҷот мекофтанд. Баъди андешидани тадбирҳои мушаххас оид ба пешгирии бемории коронавирус аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон бо руҳияи қави дигар аз ин беморӣ ба таҳлука намеафтоданд. Лек аз руи таҷриба, ки дар давлатҳои ҷаҳон ва минтақа ин бемори маротибаи дуюм хуруҷ карда истодааст мо бояд дар риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ зирак бошему нагузорем, ки маротибаи дуюм ин беморӣ шаҳрвандони моро сироят намояд. Барои пешгирии бемории мазкур нақши ҳар як шаҳрванд ҳатмӣ мебошад. Дар ин радиф моро зарур аст, ки зери шиоре муттаҳид шуда нагузорем, ки шаҳрвандон дар пешгирии ин беморӣ бетарафӣ кунанд. Мо барои ҳимояи оила ва наздикони худ доимо ниқоб баста, қоидаҳои гигиенаи шахсиро ба таври ҳатмӣ риоя намоем. Ҳарчанд, ки барои набастани ниқоб ҷарима аз ҷониби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад ҳам аммо шаҳрвандон бояд бо дарки масъулияти баландӣ шаҳрвандӣ дар пешгирии беморӣ истодагарӣ кунанд. Бемории коронавирус ба тамоми соҳаҳо хисроти худро расонид. Рафтуомад ва бештари содирот ва воридотро манъ кард аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки бар зидди ин душмани ноаён зирак бошему онро аз саёра берун намоем. С.Мирзоев сокини ноҳияи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 14-07-2020, 11:47:59 | Диданд: 401