МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Сарҳад дар дасти афсарону сарбозони бо нангу номуси ватан қарор дорад.

Сарҳад дар дасти афсарону сарбозони бо нангу номуси ватан қарор дорад.

Сарҳад дар дасти афсарону сарбозони бо нангу номуси ватан қарор дорад. Сарҳадчиёни ватани азизамон Тоҷикистон шурўъ аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ вазифаҳои хизматии худро дар тулии душвориҳои ҷанги шаҳрванди ба ҳамаи сахтиҳои он замон нигоҳ накарда хизмати модар ватанро адо намуда, марзу буми ватани азизро чун гавҳораки чашм ҳифз намудаанд. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон алалхусус ҷавонон ҳифзи марзу бум, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро вазифаи ҷонии худ шуморида барои ҳифзи ватан бояд, ҷони худро дареғ надоранд. Зеро, ки ҷавонони он давра барои сулҳу субот ва тиҷию осудаги дар сарзамини ин миллат ҷони худро ҳамарўза зери хатар мегузоштанду ҳамчун сипар барои ҳифзи Тоҷикистон омода буданд. Набояд мардуми шарафманди миллати тоҷик фаромуш намояд, ки ин ҳама осудаги, таъмини амният, хандаи тифлону зиндагии орому осудаи мо тоҷикон аз заҳматҳои шабонарўзии ҷавонмардони шуҷои Ватанаст. Ҳар як ҷавонони ватани азизамонро, зарур аст, ки аз гузаштаи худ огоҳ бошад аз таъриху фарҳанги миллати худ бо маълумот бошад ва ҳар як хизматҳои ҷавонони ватандўстро қадр намояд, бо хизматҳои онҳо ифтихор намояд ва дар маҷмў баҳри ватани азизамон Тоҷикистон ҷонихудро дареғ надошта барои ҳифзи марзу буми Ватани азизамон омода бошад. Сокини ноҳияи Восеъ: Султон Бахтиёр

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 16-07-2020, 12:26:16 | Диданд: 360