МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ифротгароӣ ва гурўҳҳои исломӣ

Ифротгароӣ ва гурўҳҳои исломӣ

Ифротгароӣ ва гурўҳҳои исломӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 26 соли охир, хусусан аз солҳои 90- уми асри гузашта то ин ҷониб, ба масъалаҳои мубориза бар зидди экстремизм таҷрибаи калон ба даст овардааст. Тавре медонем, аз нахустин давраҳои рушду такомули ҷомеа бар зидди ҷинояткорон муборизаи беамон мебарад. Зеро ҷиноят ва ҷинояткорон дар тасаввур ва афкори маъмулӣ ҳамчун амали манфӣ нақш бастааст. Экстремизм раванди ҷонибдории усулҳои ифротӣ, ки аз тарафи ҳизбҳо, созмонҳо, гурўҳҳои сиёсӣ ва ҳатто аз тарафи баъзе давлатҳо созмон дастгирӣ меёбанд, дониста мешавад. Ифротгароӣ изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои даъвати нооромӣ, дигаргунии сохти конститсионии давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажотпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ мазҳабӣ ва ба ин монанд амалҳоро дар бар мегирад. Махсусан, ифротгароии динӣ фаъолияти аз нигоҳи динӣ фаъолияти аз нигоҳи динӣ ниқобпушониест, ки базурӣ дигаргун сохтани сохти давлатӣ ё ғасби зуроваронаи ҳокимият, халалдор сохтани соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзи давлат ва ба ин мақсадҳо ба амал овардани душманию бадбинӣ мебошад. Терроризми динӣ низ иҷрои амавлҳое мебошан, ки бо мақсади ҷисман нобуд сохтани ҳарфи сиёсӣ, ба амал баровардани хавфу хатар барои одамони бегуноҳ ва ё бевосита нобуд сохтани онҳо, халалдор сохтани тартиботи ҷамъиятӣ,таъсиррасонӣ ба қабули қарордод аз ҷониби мачкомоти ҳокимият ва бо мақсади ба амал овардани вазъияти тарсу ҳаррос ва тарсонидани аҳолӣ истифода мешаванд. Мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Восеъ: Ҷонова Савсангул Бобоевна.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 17-07-2020, 15:36:23 | Диданд: 391