ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10210]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6211]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5974]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5062]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4413]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4382]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4368]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4354]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3998]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2425
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 65345
Хиёнаткорро ҳеҷ вақт намебахшанд!

Хиёнаткорро ҳеҷ вақт намебахшанд! Аҷиб он аст, ки баъзан нафарон аз амалҳои ноҷавонмардонаи худ то ҳол шарм надошта боз худро миёни мардум сафед кардани мешавад. Муҳиддин Кабирӣ бо ҳамаслаконаш солҳои зиёд аст, ки дар хориҷи кишвар истиқомат карда сиёсати имрӯзаи кишварро зери танқид қарор медиҳанд. Онҳо сиёсатеро танқид мекунанд, ки дар он шаҳрвандон комилҳуқуқ буда, аз лиҳози амният онҳо мушкилие надоранд. Худи хонанда бояд қазоват кунад, ки зумраи бадкирдорон, ки дар боло исмашон зикр гардид аз тоифае мебошанд, ки дар замирашон тирагӣ мавҷуд буда нисбати зодгоҳи худ ғараз доранд. Бубинед замони осоиштаи моро ба мисли М.Кабирӣ нафарон солҳои 90-уми асри гузашта нотинҷ карданду хонаҳоро оташ заданд. Мардумро зидди якдигар иғво андохтанд, осмони софи Тоҷикистонро пур аз ғубор намуданд. Бо чунин амалҳои ноҷавонмардонаашон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро бахшиду боз мансаб дод. Ин ба он хотир буд, ки шаҳрвандон осуда бошанду дар осмони беғубори кишвар зист кунанд. Лек онҳо аз амалҳои харобиовари худ даст накашида боз бозиҳои навро дар шакли дигар таҳия намуданд. Яъне хиёнаткорон зери фармоиши хоҷагони худ амал карда мақсадашон як аст, бояд ноамниро дар хоки Тоҷикистон ба вуҷуд оранд. Ман эътимод дорам, ки нафарони бадкирдор ҳеҷ вақт ба мақсадашон намерасанд. Ва ба онҳо ҳеҷ як нафар гӯш намедиҳанд. Агар ҳазор ҳо баромад кунанд тариқи интернет лек номашон хиёнаткор сабт шудааст. Ситамова Р-сокини ноҳияи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 21-07-2020, 14:11:31 | Диданд: 401