МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

COVID-19 ҲАР ЯКИ МО МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ ДОРЕМ!

COVID-19 ҲАР ЯКИ МО МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ                                                              ДОРЕМ!

COVID-19 ҲАР ЯКИ МО МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ ДОРЕМ! Мувофиқи таъкидҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ яке аз тадбирҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар баробари риоя намудани гигиенаи шахсӣ, то ба эътидол омадани вазъият дар ҷойҳои ҷамъиятӣ истифода намудани ниқобҳои муҳофизатӣ ва нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ аз ҷониби шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Зеро бемории мазкур, асосан бо роҳҳои қатрагии ҳавоӣ аз як шахс ба шахси дигар мегузарад ва паҳнкунандаи беморӣ худи одамон мебошанд. Маҳз бо андешидани чунин тадбирҳо , мо метавонем, ки хавфи паҳншавии бемории мазкурро дар байни аҳолӣ камтар намоем. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки бо каме беҳтар шудани вазъият дар кишварамон баъзе шаҳрвандон фориғбол гашта, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бе ниқобҳои муҳофизатӣ гаштугузор карда, фосилаи иҷтимоиро риоя наменамоянд. Ин амали онҳо хавфи паҳншавии зиёди вируси мазкурро дар байни аҳолӣ ба миён меорад. Мутахассисони соҳа бар онанд, ки то ҳол ба ягон кишвари дунё пирӯзӣ бар зидди ин бемории сироятӣ муяссар нагашта, дар моҳҳои наздик хуруҷи мавҷи дуюми паҳншавиии ин беморӣ дар назар мебошад ва инро мо набояд аз мадди назар дур созем. Бояд гуфт, ки яке аз вазифаҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пеш, аз ҳама ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи саломатӣ ва таъмини амнияти санитарию эпидемиологии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Ҷиҳати аз байн бурдани амалҳои нодурусти шаҳрвандон дар баробари мунтазам гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ нисбат ба ин қабил шахсон чораҳои таъсиррасонӣ дар намуди ҷавобгарии маъмурӣ роҳандозӣ гардид. Ҳар кас бояд зираки ҳушёри худро аз даст надода, риояи гигиенаи шахси худро дуруст истифода барад. Мудири шуъбаи кор бо занон ва оила: Д.Абдулҳақзода

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 22-07-2020, 14:35:09 | Диданд: 365