ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10211]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6211]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5974]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5063]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4414]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4383]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4368]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4354]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3998]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2425
- Расмхо: 39
- Онлайн: 5
- Хамаги омаданд: 65366
Иғовоҳоро намеписандем

Иғовоҳоро намеписандем Мо дар як ҷаҳони пуртазоду пурмоҷарое зиндагӣ дорем ва аз расонаҳои хабарии кишвар воқиф аз он мегардем, ки дар кишварҳои гуногуни олам бо дасти гуруҳҳои радикалию террористи амалҳое рух медиҳад, ки инсониятро бо таҳлука меандозад. Аммо мардуми тоҷик шукрона аз он мекунем, ки дар як фазои оромию сиёсӣ умр ба сар мебарем. Вале чун бо таърихи мардумамон ба гузаштаи на он қадар дур назар меандозем мебинем, ки замоне ба дасти ин гуруҳҳои террористи дар кишвари мо ҳам бародар бо муқобили бародар сангар гирифт. Садҳо деҳаҳо хароб шуданду ҳазорон нафар мардуми собиқ вилояти Қурғонтеппа хонаю дари ободи худро монда ру ба сарзамини бегона оварданд. Хушбахтона ба мо чунин Пешвои муаззами миллатнасиб гашт, ки бо талошҳои пайгиронаи ӯ дар як муддати кӯтоҳи таърих мо бо ҳам омадем. Вале душманони шиносхурдаи миллати мо, ки дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ доранд бо ҳар баҳона моро сиёҳ мекунанду буҳтон мезананд. Мо медонем, ки ҷаҳонро бемории Коронавирус ғафлатгир намуду давлатҳои абарқудрат назди он оҷиз монданд. Душманони мо тибқи шоди навохтанд, ки чӯ кишвари мо аз уҳдаи пешгирии ин беморӣ баромада наметавонаду ба як ҳолати пуртаҳлукае меафтад. Аммо мо худ шоҳид ҳастем, ки мардум дар якҷояги ба муқобили ин вирус сахт истодагари намуд, сироятёби хеле кам дар қиёс ба дигар кишварҳо ба назар мерасад. Мо мардуми тоҷик ва дигар миллатҳои муқимии кишвар дар партави гуфтаҳои пешвои миллат баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии истиқлолият монда намуда меҳнат карда истодаем. Сармутахассии шуъбаи маориф Одинаев Бахтиёр
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 27-07-2020, 14:19:49 | Диданд: 359