ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10211]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6212]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5974]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5063]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4415]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4384]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4368]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4355]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3998]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2425
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 65406
Ҳодисаҳои давлати Беларус ба манфиати кист?

Ҳодисаҳои давлати Беларус ба манфиати кист? Давлати Беларус ягона давлатест, ки назорати корҳои давлатиаш пурзӯр аст. Аз лиҳози иқтисодиёт пешрафта мебошад. Роҳбари давлати Беларус ҳангоми иҷроияи вазифаҳои Президентӣ аз шаҳрвандон риояи талаботи қонунро талаб карда низоми давлатдориаш устувор мебошад. Рӯзи 9 август дар Беларус интихоботи президентӣ баргузор шуд. Ба иттилои расмӣ, раиси ҷумҳури феълӣ Александр Лукашенко беш аз 80 дарсади ройи мардумро соҳиб шудааст. Мақомот мегӯянд, даҳ дарсади мардум аз Светлана Тихановская, рақиби асосии Лукашенко, пуштибонӣ карданд. Баъд аз эълони натиҷаҳои интихобот эътирозҳо дар саросари Беларус афзоиш ёфт. Норозиён истеъфои Лукашенко ва баргузории интихоботи шаффофро талаб доранд. Аз ин маълум мегардад, ки кори гуруҳи сеюм дар ин эътирозҳо эҳсос мешавад. Бубинед, ки як давлати пурқувватро мехоҳанд, ба ҷангу ҷидол кашида ва онро порча порча карда ба манфиати худ истифода баранд. Баъзан нафарон харобиҳои нобасомонӣ ва ноамниро то ҳол надидаанд. Тавре, ки мардуми Тоҷикистон солҳои 90-уми асри гузашта шоҳиди ҳол буд, ки гуруҳи сеюм алангаи оташро зиёд карда фирор кард. Даҳсолаҳо мардуми одди азобу машақатро кашид. Аз ин лиҳоз ҳар як шаҳрванд бояд манфиатҳои миллиро бояд эҳсос намояду беҳтарин неъмат озодӣ, амният ва истиқлолиятро пазирад. Иботов Д-сокини н.Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 18-08-2020, 13:34:46 | Диданд: 331