ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10874]
2. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6626]
3. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6578]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5468]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4891]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4734]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4717]
9. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4717]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4325]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2471
- Расмхо: 39
- Онлайн: 6
- Хамаги омаданд: 111090
Корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз ҷониби КДАМ боздошт гардид
ДУШАНБЕ, 18.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. 17-уми август аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассиси пешбари Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Ҷонибек Маҳмадзода ҳангоми гирифтани пора ба миқдори махсусан калон дастгир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, «17-уми августи соли 2020, аз тарафи кормандони КДАМ ҶТ ҳангоми гирифтани пора ба миқдори махсусан калон, мутахассиси пешбари Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Маҳмадзода Ҷонибек Бек, соли таваллудаш 1972, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дастгир карда шуд».
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Маҳмадзода Ҷ.Б. парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 18-08-2020, 14:21:23 | Диданд: 565