ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10211]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6212]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5974]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5063]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4415]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4384]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4368]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4355]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3998]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2425
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 65410
ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ – ҶАҲОЛАТУ ГУМРОҲӢ.

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ – ҶАҲОЛАТУ ГУМРОҲӢ. Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки танҳо бо як кишвар ва ё як минтақа на, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмуъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳамаи қидъаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, ин терроризм ва экстемизм мебошад. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта зодаи танҳо ин аср нестанд, аммо дар баробари асри нав ҷомаи навро худ гирифта, моҳияти ин падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст. Имӯзҳо мутаъсифона аксари онҳо, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳкоми фалсафа ва ахлоқи исломӣ ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгарӣ, бадқасди, ғайритаҳамулпазирӣ хос аст. Ин андеша мутлақо ғалат аст. Зеро Қуръон, ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафию ахлоқи он бар пояи адолат баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният ва ваҳдат бунёд ёфта, зарурати сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид менамояд. Азбаски терроризму экстемизм хислати фаромиллӣ пайдо карда, ба хатари умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст, бинобар ин мубориза бар зидди он низ бояд тавассути стратегияи глобалии ягона ва самарабахш пиёда гардад. Дар ин росто кишварҳои оламро мебояд дар якҷоягӣ алайҳи ин падидаи номатлуб муборизаи беамон баранд. Ҳамчун дар самти тақвият додани ҳувияти миллӣ ва бедор намудани ҳисси ватанпарастӣ, балнд бардоштани маърифати динӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, огоҳи додани мардум аз хатарҳои зуҳуроти тероризму экстремизми динию байналмилалӣ, ба роҳ мондани тарбияи дурустӣ оилавӣ, ташвиқи илмомӯзӣ дар миёни наврасону ҷавонон ва ҷалби онон ба машғулиятҳои лозимӣ метавонад барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб мусоидат намояд. Имрӯз ифротгарои динӣ дар тамоми кишварҳои олам, махсусан кишварҳои исломӣ доман паҳн намуда, афроди зиёде аз таъсир ва пайомадҳои нохуши он қурбонии ин зуҳурот мегарданд, ки ин ҳолат хеле нигароникунанда мебошад. Омилҳои зиёде аз қабили ҷаҳонишавӣ, фақру нодорӣ, ҷаҳлу бесаводӣ ва пастбудани маърифати динӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии мардум, миллатгароӣ ва авҷгирифтани таассуби динӣ ва мхурофот , вусъат ёфтани доманаи фарогири шабакаҳои иинтернетӣ, рақобати абарқудратон баҳри ба даст овардани манфиатҳои сиёсию иқтисодӣ ва ғайра муҳаррики асосии авҷ гирифтани ин зуҳурот мебошад. Ба ақидаи аксар сиёсатшиносон экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамои дорад, реша медавонад ва он дар тамоми гушаву канори сайёра ба мушоҳида мерасад. Дар робитаи ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ алайҳи ин падидаи номатлуб ва ё худ вабои аср ибрози назар намуда, аз ҷумла баён доштан, ки “террорит ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”. Сокини ноҳияи Восеъ: Ализода Ё.С.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 21-08-2020, 12:18:33 | Диданд: 340