МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 22 август дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот карданд. Пешвои миллат изҳор доштанд, ки маҳз бо мақсади таъмин намудани рушду тараққиёти вилоят мо асри 21-умро асри рушди Бадахшон ва ин минтақаи биҳиштосои кишварамонро - дарвозаи тиллоии Тоҷикистон эълон намуда, бо ҳамин мақсад садҳо нақшаву барномаҳои созандаро амалӣ карда истодаем. Сарвари давлат ба мардуми вилоят барои истиқболи самимӣ изҳори сипос карда, барои расидан ба ҳадафҳои созанда баҳри таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ барору комёбиҳо орзу карданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят 31 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз се миллиард сомонӣ ба анҷом расида, ҳоло татбиқ 11 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии се миллиард 300 миллион сомонӣ идома дорад. Сарвари давлат барои расидан ба ҳадафҳои рушди миллӣ ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он дастуру супоришҳо доданд. Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди таъсири омилҳои манфии берунӣ ва хавфҳо дар шароити паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 ҷиҳати коҳиш додани пайомадҳои онҳо ба иқтисоди миллӣ тамоми тадбирҳоро андешида истодааст. Президенти мамлакат роҳбарони вилоят, вазорату идораҳои марбута, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ ва дигар сохторҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки иншооти ба нақша гирифташударо босифат бунёд карда, дар муҳлатҳои пешбинишуда ба истифода супоранд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, хусусан, адр самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди ашёи хом имкониятҳои калон дорад ва истифодаи самараноки чунин имконот масъулият, касбият ва қобилияти баланди ташкилотчигиро талаб мекунад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки ҷалби сармояи дохиливу хориҷиро барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, бахусус, дар самти коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон, аз ҷумла коркарди мармар, мева, гиёҳҳои шифобахш ва истеҳсоли маҳсулоти ниёзи аввал вусъат бахшанд. Имрӯзҳо барои истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома доранд. Сарвари давлат таъкид карданд, ки суръати иҷрои корҳо то ҳанӯз қонеъкунанда нест ва аз роҳбарону мутасаддиён тақозо мегардад, ки корро дар ин самт ҷоннок намоянд. Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи сокинони меҳмоннавоз ва заҳматкашу матиниродаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои пазироии самимӣ арзи сипос намуда, ба хонадони ҳар яки онҳо саломатӣ, хушбахтӣ ва файзу баракат орзу карданд. Мудири шуъбаи кор бо занон ва оила: Д.Абдулҳақзода

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 26-08-2020, 09:31:50 | Диданд: 346