ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10211]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6212]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5974]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5063]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4416]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4385]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4368]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4355]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3998]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2425
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 65421
22 агуст дар шаҳри Хоруғ Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот кард .

22 агуст дар шаҳри Хоруғ Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот кард . Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Хоруғ натиҷагири карда, таъкид доштанд, ки аз рӯи мушоҳидаҳо вилоят дар натиҷаи таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати мамлакакт ва заҳмату талошҳои ватандӯстонаи мардуми сарбаланди он ба таври назаррас обод шуда, сатҳи зиндагии мардум тадриҷан беҳтар шуда истодааст. Пешвои миллат изҳор доштанд, ки маҳз бо мақсади таъмин намудани рушду тараққиёти вилоят мо асри 21-умро асри рушди Бадахшон ва ин минтақаи биҳиштосои кишварамонро – дарвозаи тиллоии Тоҷикистон эълон намуда бо ҳамин мақсад садҳо нақшаву барномаҳои созандаро амалӣ карда истодаем. Сарвари давлат бо мардуми вилоят барои истиқоболи самимӣ изҳорӣ сипос карда, барои расидан ба ҳадафҳои созанда баҳри таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ барору комёбӣ орзу карданд.Таъкид шуд, ки барои таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ зиёда аз 18 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Дар даврони соҳибистӣқлоли дар ҳудуди вилоят 2030 иншоот ба маблағи умумии 3,1 милиард сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардидааст. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, хусусан дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди ашёи хом имкониятҳои калон дорад ва истифодаи самараноки чунин имконот масъулият, касбият ва қобилияти баланди ташкилотчигиро талаб мекунад. Пешвои миллат барои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ва таъмини иҷрои супоришҳо, амру фармонҳои Президенти мамлакат ба Ҳукумати кишвар, роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд. Сарвари давлат таъкид кард, ки суръати иҷрои корҳо то ҳанӯз қонеъкунанда нест ва аз роҳбарону мутасаддиён тақозо мегардад, ки корро ҷонок намоянд. Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи сокинони меҳнатқарин ва меҳмоннавози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои пазироии самимӣ арзи сипос намуда ба хонадони ҳар яки онҳо саломатӣ, хушбахти ва файзу баракат орзу намуданд. Сокини ноҳияи Восеъ: Ализода Ё.С.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 28-08-2020, 10:26:27 | Диданд: 336