МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Изҳорот ба навиштаи Раҳматулло Зоиров

Изҳорот ба навиштаи Раҳматулло Зоиров

Изҳорот ба навиштаи Раҳматулло Зоиров Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар саҳифаи иҷтимоии “фейсбук” андешаи худро роҷеъ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли 2020 баргузор мегардад баён намудааст. Ва ҳар чи, ки хостааст онро қайд намудааст. Ин дар ҳолест, ки дигар ҳизбҳои сиёсии кишвар алакай номзадони худро ба интихоботи навбати пешниҳод намудаанд. Ман ҳамчун хонанда ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматулло Зоиров гуфтаниям, ки дар ин маърака ӯро зарур мебояд, ки номзади худро пешниҳод кунаду ҳангоматалабиро як тараф гузорад. Ӯ ҳамчун роҳбари ҳизби сиёсии фаъол бояд дар интихобот номзадашро пешниҳод кунаду корҳои таблиғотиро пеш барад. Ман худ дар сатҳи маҳал зиндагӣ мекунаму то ҳол ягон маротиба Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро надидаам, ки вохӯри анҷом дода бошад. Ӯ дар навбати аввал тарафдор бояд дошта бошаад. Баъдан дар дилу дидаи мардум ҷойе дошта бошад сипас метавонанд ҳангоматалаби кунад. Вақте, ки нафаре, ки шуҳрат миёни мардум надораду даъво барои манфиатҳои шахсии худ мекунад, ӯ маълум аст, ки мақсадаш аз чӣ? иборат аст. Ман бори дигар қайд менамоям, ки имрӯз дигар ҳизбҳои сиёсӣ аз фаъол будани худ дарак медиҳанду миёни мардум кор мебаранд. Маҳз чунин фаъолнокии онҳо мавқеи онҳоро дар интихоботҳои сиёсӣ муайян менамояд. Иботов Диловар сокини н.Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 01-09-2020, 13:09:00 | Диданд: 404