ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10211]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6212]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5974]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5063]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4416]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4385]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4368]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4355]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3998]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2425
- Расмхо: 39
- Онлайн: 1
- Хамаги омаданд: 65430
Ватанро доимо ҳифз мекунем!

Ватанро доимо ҳифз мекунем! Ватан калимаест, ки дар худ тамоми ҳастии моро ғунҷонидааст, ҳангоми ба забон оварданаш моро ҳисси ватандӯстиву садоқат ба ин марзу бум фаро мегираду дар қалбамон эҳсоси хушбахтӣ пайдо мегардад. Ватан он неъматест, ки бо буданаш моро мешиносанду ба таъриху фарҳанги ниёгони мо арҷ мегузоранд. Имрӯз Тоҷикистони азизи мо тибқи муқаррароти меъёри давлатдорӣ соҳиби парчам, нишон, суруди миллӣ ва артиши миллии худ мебошад. Бояд қайд намуд, ки мо метавонем бо нерӯи ақлонӣ ва ҷисмонӣ истиқлолияти давлатии худро ҳифз намоему ватанамонро ободу зебо гардонем. Зеро оромиву шукуҳ ва шукуфоии Ватан ба масъуляти ҳар як сокини он вобаста аст. Агар кишвар орому осуда ва дар саросари он сулҳу субот ҳукмрон бошад, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум низ меафзояд. Инсон ба ҳар зарра хоку ҳар қатра оби Ватани ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту бахтиёр бошад. Ба ибораи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомоалӣ Раҳмон «Озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтараин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги милатамонро чун гавҳараки чашм ҳифз мекунем» Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем, Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем. (Фирдавсӣ) Файзова П. – хонанда МТМУ №1 – и ноҳияи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 03-09-2020, 09:19:01 | Диданд: 389