ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10504]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6363]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6175]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5247]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4602]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4524]
8. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4521]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4517]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4138]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
3. Муҳаммадиқболи Садриддин- хоини милат
5. ХОИНОН БА ТАРАҚҚИЁТУ ПЕШРАВИИ ТОҶИКИСТОН ҲАСАД МЕХУРАНД.
6. Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир
7. АҲАМИЯТИ ЗАБОН ДАР ТАРБИЯИ АХЛОҚИИ НАСЛИ НАВРАС !
8. Баъзе аз занак сифатон худро мард мегуянд! Аз ҷумла Гурӯҳи 24
9. Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм бояд ба вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад.
Омор
- Хабархо: 2439
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 74268
Ислом ба зоти худ надорад айбе.
Ислом ба зоти худ надорад айбе. Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд дунявӣ ва ягона мебошад ва бо ин принсипҳо сохти давлатдориро пеш мебарад. Ислом худ як дини хирад, ақл ва маърифат мебошад ва дар мамлакати мо касе садди роҳу равиши онро манъ накардааст ва намекунад. Қисме аз зиёиён ва сиёсатмадорон барои пиёда намудани мақсадҳои хеш унсури Исломӣ ва фарҳангии онро аз фарҳанги ягонаи ташаккулёфтаи таърихии фарҳанги миллӣ ҷудо намуда, онро ба ин восита аз фарҳангҳои умумибашарӣ дар маҳдудияти омехта нашаванда муаррифӣ менамояд. Яъне бо ин андеша исбот кардани мешаванд, ки фарҳанги Исломӣ нисбати фарҳангҳо, ҷаҳонбиниҳои дигар як фарҳанги озода ва мутлақ аст. Ҳол он ки ҷаҳонбинии Исломӣ аз нигоҳи таърих ва фаҳмиш синтез ва ҷамъбаст кунандаи ҳамаи ҷаҳонбиниҳои дигари динии яктопарастӣ мебошад ва ҳамаи нуқтаҳои муҳими ин ҷаҳонбиниҳою дастовардҳои фарҳангҳои башариро эътироф дорад. Маҳз бузургии ҷаҳонбинии Исломӣ вобаста ба ҳамин нуқтааст. Аммо мутаъсифона аъзоёни собиқ Ҳизби террористии Наҳзати Ислом дар шахсияти М. Кабирӣ, Саидюнуси Истаравшанӣ ва дигар ҳаммаслакони инҳо ба динни мубини Ислом қабои сиёси дода нисбат ба динни мубини Ислом кур-курона муносибат мекунанд. Онҳо доимо худро зоҳиран пайрави асилли динни Ислом нишон дода, вале амалашон бошад ба ин дин тамоман робитае надорад. Ҳар як фард имрӯз хуб дарк менамояд, ки динни мубини Ислом амалҳои аз қабили куштор, фиребу найранг, рехтани хуни бегуноҳ ва дигар амалҳои номатлубро маҳкум менамояд. Аммо аламовараш онаст, ки имрӯз ин шахсиятҳо чунин кирдорҳоро нисбати мардуми шарифи Тоҷикистон аз ҷумла нисбати занону модарон содир карда истодаанд. Мо мардуми шарифи Тоҷикистон талаботи ҲНИТ, ки хилофи дини мубини Ислом ва давлати демократи ҳуқуқбунёд, ва дунявӣ мебошад, қабул намекунем. Ба шумо муроҷиат менамоем, ки барои амалӣ намудани манфиатҳои хоҷагони хориҷиатон ҳеҷгоҳ манфиатҳои миллии худро паст назанед. Сокини ноҳияи Восеъ: Ҷонова С
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 04-09-2020, 14:11:56 | Диданд: 380