ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10504]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6364]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6175]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5247]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4602]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4524]
8. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4521]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4517]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4138]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
3. Муҳаммадиқболи Садриддин- хоини милат
5. ХОИНОН БА ТАРАҚҚИЁТУ ПЕШРАВИИ ТОҶИКИСТОН ҲАСАД МЕХУРАНД.
6. Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир
7. АҲАМИЯТИ ЗАБОН ДАР ТАРБИЯИ АХЛОҚИИ НАСЛИ НАВРАС !
8. Баъзе аз занак сифатон худро мард мегуянд! Аз ҷумла Гурӯҳи 24
9. Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм бояд ба вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад.
Омор
- Хабархо: 2439
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 74296
Иштироки фаъоли шаҳрвандон дар интихобот ва овози онҳо ояндаи рушди двалатро муайян мекунад.
Иштироки фаъоли шаҳрвандон дар интихобот ва овози онҳо ояндаи рушди двалатро муайян мекунад. Интихобот чун унсури давлати демократӣ дар ҳифзу амалинамоии ҳуқуқҳои инсон мақом ва нақши бориз дорад. Интихобот аз ибтидои мавҷудияти хеш вазифаи ташаккули ҳокимияти халқ ва ҳимояи манфиатҳои ҷомеаро иҷро намудаасту менамояд. Дар ҷомеаи мутаммади интихобот аз ҳарвақта дида бештар ин вазифаро иҷро менамояд. Рушди инкишофи равандҳои гуногуни ҷомеа аз чунин маъракаи муҳимми сиёси вобастагӣ дорад. Дар давлатҳои демократи, интихобот василаи таъмину такмил ва таҷдиди сохторҳои сиёсию ҷамъияти мегардад. Қайд кардан ба маврид аст, ки интихобот сабаби рушди давлат ва ташакули инкишофи ҷомеаҳои мутамаддин мегардад. Одамон маҳз ба воситаи интихобот метавонанд ҳуқуқу озодиҳои хешро дар амал тадбиқ намоянд. Дар воқеъ, ки интихобот унсурӣ асосии ва муҳимми сиёсат аст, дар инкишофи муттасили ҷомеа мақом ва нақши муҳим дорад. Дар шароити муосир ва марҳилаи ҷаҳонишави ба таври самаранок идоранамоии давлат кори басо муҳим ва ҳассос буда, аз ниҳодҳои сиёси давлат фаъолияти мунтазам ва ҷиддиро талаб менамояд. “Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ райпурсии умумихалқӣ ва интихоб аст”. Ҳамин тавр ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, овози худро ба номзади арзандаи худ диҳанд ва дар рушди устувори минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиби худро гузоранд, зеро иштироки фаъоли шаҳрвандон дар интихобот ва овози вай ояндаи рушди двалатро муайян мекунад. Сокини ноҳияи Восеъ: Назарзода Ҳ.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 16-09-2020, 15:09:56 | Диданд: 383