МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Оғози корхонаи истеҳсоли асфалт дар ноҳияи Восеъ

Оғози корхонаи истеҳсоли асфалт дар ноҳияи Восеъ

       Дар деҳаи Кафтархонаи Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ, шафати дарёи Ёхсу   сохтмони калонтарин корхонаи истеҳсоли асфалт  дар сатҳи баланди ташкилӣ кор  оғоз ёфт. Пудратчии сохтмон муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди  ноҳияи Восеъ, мебошад.  Масоҳати замини  корхонаи истеҳсоли асфалт зиёда аз як гектаро ташкил дода, дар навбати аввал сохтмончиён   хоки заминро канда ба қадри 30 сантиметр  паст  заминро ҳамвор  намуданд.

      Дар баландии 50 сантиметр онро бо сангу шағал пур намуда, барои бардошти  дастгоҳ ва техникаҳои вазнин  заминро  мустаҳкам менамоянд.  

      Дар корҳои сохтмонии ин иншооти муҳими аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, 40 нафар сокинон ва  12  техникаҳои вазнин аз ноҳияҳои ба номи Шамсиддин Шоҳин,  Темурмалик, Восеъ ва шаҳри Кӯлоб ба кор ҷалб карда шудаанд.

         Бояд қайд намуд, ки  барои сохтмони корхонаи истеҳсоли асфалт зиёда аз  553 ҳазор сомони ҷудо карда шуда, 70 ҳазор сомонӣ дар корҳои сохтмони таҳкурсии корхона аз худ мегардад. Маблағи 220 ҳазор сомонӣ ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ равона гардидааст. Мувофиқи нақша сохтмони корхона моҳи сентябр ба анҷом расида, зиёда аз сад нафар сокинони маҳали  дар ин ҷо ба ҷоӣ кор таъмин мегарданд.

 

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 06-04-2018, 08:05:25 | Диданд: 824