МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хиёнаткоронро ҳама медонад!

Хиёнаткоронро ҳама медонад!

Хиёнаткоронро ҳама медонад! Дар тамоми шабакаҳои телевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ филмҳои ҳуҷҷатӣ оид ба фаъолияти террористиву экстремистии ҲНИ ва ҳамаслакони М.Кабирӣ пахш гардид. Наворҳо собитгари он ҳастанд, ки ин зумра бадандешон, ки дар ботинашон фақат кинаву адоват ҳаст аз солҳои 90-ум баҳри иғвоангезӣ талош намудаанд. Ҳар як навор шаҳодат медиҳад, ки ҷонибдорони ТТЭ ҲНИ бештар бо хоҷагони хориҷиашон ҳамкорӣ намуда, барои дигар намудани сохти конститутсионии давлатӣ корҳои пинҳониро анҷом доданд. Новобаста аз он, ки аксари аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар мансабҳои давлатӣ кор мекарданд ба ҷойи беҳбудӣ бахшидан ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ яъне хизмат ба халқ баръакс амал карда мақсади низоъ андохтанро пеша карданд. Ҳамаи амалҳои зишткорона ва ғайриқонунии онҳо исбот гардида, фаъолияти онҳо бо қарори Суди олӣ ғайриқонунӣ шуморида шуд. Акнун ин зумра норизоён, ки ботинан ғараз ба ин мулки амну субот доранд дар хориҷи кишвар зист карда ақидаҳои бардуруғи худро дар шабакаҳои интернетиашон пахш менамоянд. Онҳо ҳарчанд дар кишвар ҷонибдорони худро надошта бошанд аммо наздихоҷагонашон худро сафед кардани шуда амал мекунанд. Ин хоинон, ки борҳо дар сарзамини аждодиашон хиёнат кардаанд боз аз дуриҳои дур истода суханҳои ноҷо гуфта, худро ҳоми мешуморанд. Нисбати наворҳои хоинони миллат фарзандони баору номуси мо вокуниш нишон дода пуштибони аз фарҳанг ва миллати хеш мекунанд. Дар ҳақиқат истиқлолияти давлатӣ, ки имрӯз насиби мо гардидааст мебояд, ки онро пос дошт ва барои эмин нигоҳ доштани он тамоми тадбирҳоро андешид. Имрӯз мо бояд ба насли наврас таълим ва тарбия диҳем, ки гузаштаи худро нағз донанду душмани худро шинохта тавонанд. Дар ҳар як деҳа намоиш додани филмҳои ҳуҷҷатии хиёнат зарур ва ҳатмӣ мебошад. Зеро мардум бори дигар найранг ва куштору ғоратгарии ин зумра хиёнаткоронро дониста, баҳри дифои сарзамини хеш кушиш менамоянд. Сафархони М-сокини н.Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 06-10-2020, 14:31:37 | Диданд: 398