МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Интихобот раванди муҳими сиёси ва кафолати ояндаи дурахшони Тоҷикистон.

Интихобот раванди муҳими сиёси  ва кафолати ояндаи дурахшони Тоҷикистон.

Интихобот раванди муҳими сиёси ва кафолати ояндаи дурахшони Тоҷикистон. Ҳар як низоми сиёсӣ меъёрҳои ба худ хос дорад. Аз он ҷумла низоми сиёсии демократӣ принсипҳо ва аломатҳоеро соҳиб аст, ки он хоси низоми мазкур мебошад. Яке аз чунин меъёрҳо дар ҷамеаи демократӣ ин баргузории интихоботҳо ба ҳисоб меравад. Интихобот яке аз маъракаҳои ҳаётан муҳими сиёсӣ дар ҷомеаи демократӣ буда, имконияти фароҳам меоварад, ки қишрҳои гуногуни ҷомеа ба сиёсат кашида шуда, ишитроки онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ба амал бароварда шавад. Инчунин шаҳрвандон дар ҷомеаи демократӣ имконият пайдо мекунад, ки тавасути интихоботи сиёсӣ бо интихоби намояндагон дар пешбурди фаъолияти сиёсии давлат саҳми худро гузоранд. Яъне мардум тавассути интихобот шахсиятҳои арзанда ва мувафиқро пайдо намуда, онҳоро ҳамчун роҳбар ва ҳимоятгари манфиатҳои хеш интихоб менамоянд. Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳои пасошуравӣ низоми сиёсӣ демократиро интихоб намуда, бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро ҳадафи худ қарор додаст. Тӯли 29 – сол мешавад, ки кишвари мо ба монеаҳои гуногун нигоҳ накарда, дар ин роҳ устуворона қадам мегузорад. Дар ин муддат интихобт барои мардуми Тоҷикистон имкониятҳоро ба вуҷуд овард, ки тавонад дар ташаккули ҳокимият аз он истифода барад. Ҳоло Тољикистон арафаи интихоботӣ навбатии президентӣ қарор дорад, ки низоми сиёсии демократии кишвар на танҳо ба шаҳрвандон ҳуқуқи иштирокро додааст, балки ҳар шаҳрванд ҳақ дорад, ки номзади арзандаро интихоб намояд. Зеро пешрафти ояндаи миллат ва давлат аз шахсияти Президент вобастаи калон дорад. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки барои ояндаи ватани азизамон Тоҷикистон дар интихоботи навбатӣ фаъолона иштирок намуда, дар бунёди ояндаи дурахшони ватанамон саҳмгузор бошем. Суфиева Д. хонандаи МТМУ №1

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 08-10-2020, 15:14:14 | Диданд: 322