ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10213]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6212]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5975]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5063]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4416]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4385]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4368]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4356]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3998]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2425
- Расмхо: 39
- Онлайн: 5
- Хамаги омаданд: 65502
Истиқболи Оқохони IV аз пирӯзии Раҳмон: дуоҳои ман шуморо ҳамеша ҳамроҳӣ мекунанд

Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон – Шоҳзода Карим Исмоил Оғохони IV Эмомалӣ Раҳмонро барои дигарбора президент интихоб шуданаш табрик кардааст
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, дар барқияи шодбошии Оқохони IV омадааст: “Самимонатарин табрикоти худро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ба муносибати ба даст овардани эътимоди бузург аз тарафи мардуми Тоҷикистон дар интихоботи президентӣ, ки ба наздикӣ гузашт ва барои ваколати наватон дар самти роҳбарӣ ба кишвар барои беҳбудии халқҳои тоҷик иброз медорам”.
Дар идомаи табрикот гуфта мешавад, ки ҳамчун шарики деринаи Тоҷикистон, Ташкилоти Оқохон оид ба рушд (АКДН) минбаъд низ ӯҳдадории қавии худро барои идомаи ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон дар расидан ба ҳадафҳои дар Стратегияи Миллии Рушд муайяншуда ва баланд бардоштани сифати зиндагии тамоми мардуми Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
“Дуоҳои ман ва орзуҳои неки гарми ман Шуморо, Ҷаноби Олиро барои муваффақият ва хушбахтӣ дар иҷрои вазифаҳои мансаби олииятон ва сулҳу пешрафт ва шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҳамроҳӣ мекунанд”,- гуфтааст Оқохони IV.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр баргузор шуд.
Дар интихоботи президентӣ аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд.
Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон боз барои 7 соли дигар Президент интихоб шуд.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 15-10-2020, 18:18:59 | Диданд: 372