ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10213]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6212]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5975]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5063]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4416]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4385]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4368]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4356]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3998]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2425
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 65531
НАҚШАИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ ҲЕҶГОҲ БА КОР НАМЕОЯНД.

НАҚШАИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ ҲЕҶГОҲ БА КОР НАМЕОЯНД. Ҳар боре, ки дар матбуоти даврӣ оиди ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ, роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ва думравонаш маводе чоп шавад, давраҳои мудҳиш ва барои миллати тоҷик бадбахтонаи солҳои 90-уми асри гузашта пеши назар меояд. Ва як хоине, ки ҳамроҳаш аст ин Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад. Бале он рӯзҳои мудҳише, ки ба сари миллати тоҷик омада онро танҳо ва танҳо як гуру душманони миллат, ки атрофи ҳизби назҳати ислом ҷамъ омада буданд, ташкил намудаанд. Ин ҳама пешравиҳову хушбахтиҳо душманони ин миллатро ба кибру ғурур оварда расонда аст, ки дур аз ватани азизамон дар пайравии бадхоҳон истода, чигуфтану чикор карданашонро баҳри халалдор намудани амнияти миллии мо, ҳастии миллати мо сайъу талош менамоя, ки бар ин Ватани биҳиштосори мо зарау хиёнати худашонро расонанд. Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллат ва Ватани мо, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузурге кардаанд. Бо вуҷуди ин ҳама далелҳои ҳаққу рост ва фошкунанда Кабирию шогирдонаш Муҳаммадиқболи Садриддин ҳанӯз ҳам тариқи разолат, бадбинӣ, ҳасудӣ, нотавонбинӣ, кӯрнамаки нисбат ба халқу Ватан кардаанд. Хеле хуб мебоист, ки кабириҳо ва шогирдонаш аз номи ҳизби даҳшатафкану экстемистиашон, ки хуни бегуноҳони зиёд, равшанфикрону зиёиёни аз он исломгароёни оқипадар ҳазорҳо бор авлодтару болотару маҳбубтар дар гарданашон аст, унвони поки исломро гиранд. Ҳеҷ гоҳ нақшаи хоинони миллат ба кор намеоянд. Сокини н.Восеъ Н.Неъмонова
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 04-11-2020, 13:16:39 | Диданд: 287