МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Изҳорот ба фитнаҳои Кабири!

Изҳорот ба фитнаҳои Кабири!

Изҳорот ба фитнаҳои Кабири! Рўз аз рўз дар Тоҷикистони азизи мо пешравиҳои зиёде ба назар расида, ободу зебо, мардумаш худро озодтару хушбахт, дар фазои тинҷу ором дида умр ба сар бурда истодаанд. Ин ҳама пешравиҳову хушбахтиҳо душманони ин миллатроаз қабали Кабири ба кибру ғурур оварда, дурр аз ватани азизи мо бо пайравии хоҷагонашон истода, чи гуфтану чикор карданашонро баҳри халалдор намудани амнияти миллии мо намедонанд. Ман ба душманони миллат аз қабили Кабири бо пайравии хоҷагонашон муроҷиат карда гуфтаниям беҳуда ғолибият ба даст овардану ба ин давлат баргаштану ҳукмрони карданро нанамоед, чунки халҳи тоҷик он ҳама мусибатҳое, ки солҳои 90-ум ба сарашон овардед фаромўш накардаанд ва намехоҳанд бори дигар он рўзҳои сахтро ду бора бубинанд. Халқи тоҷик хизматои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалии Раҳмон –ро ҳеҷ гоҳ фаромуш намекунад. Мақсаду мароми миллат амнияти миллиро барои мардуми Тоҷикистон таъмин намудан ва сатҳи зиндагии шаҳрвандонро баланд бардоштан аст. Бояд қайд намуд, ки мақомотҳои қудрати шабу рўз баҳри амнияту суботи мардуми кишварамон хизматҳои шоиста намуда, талош бар он менамоянд, ки он шахсони, ки бо ниятҳои ғаразноки худ дар ин ё он минтақаи Тоҷикистони азизи мо баҳри халалдор намудани амнияту суботи мардум таблиғоту ташвиқот бурдан мехоҳанд мубориза бурда тамоми чораҳоро меандешанд, то ин, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар ин ҳавои беғубори ин ватан озодона умр ба сар баранд. Корманди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ А. Иброҳимов

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 05-11-2020, 15:01:05 | Диданд: 278