ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10213]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6212]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5975]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5063]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4416]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4385]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4368]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4356]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3998]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2425
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 65531
Муқовимат бо тарроризм ва экстремизм

Муқовимат бо тарроризм ва экстремизм Баъзан кас бо андеша фурў меравад, ки чаро инсонҳо аз ҳадафу мақсадҳои нурғарази он палидони тахрибкор огоҳ нашуда, ба фитнаву дасисаи онҳо фирефта мешаванд ва бо ҳамроҳ гардиданд ба сафи онҳо, тарафдорӣ кардани андешаву ақидаашон номаи аъмоли худро сиёҳу оила ва наздиконро зери борони маломат қарор медиҳанд .. охир, террорист ва экстремист кист.. Аз ҳисоби, ки шумори онҳо меафзояд ва ҳеҷ не, ки ба нести равад. Ҳар касе, ки имони мустаҳкам ва иродаи қави дорад, худогоҳ ва соҳиби ақлу рўҳи солим аст, моҳияти ҳастии гуррўҳҳои террористӣ-экстремистиро дарк карда, ҳадафу нақша, сарчашмаҳои маблағгузори ва алоқамандиву муносибаташонро бо дину мазҳаб мавриди таҳлил қарор дода метавонанд. Ва ҳатман муайян хоҳад кард, ки террорист ва экстремист дар тўли мавҷудият кадом рисолатро назди ҷомеаи исломӣ анҷом дода,ба нафъи аҳли башар чӣ кореро ба сомон расонидааст. Дар замони муосир зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба оину субботу кишварҳои олам хаву хатари зиёд эҷод карда истодааст ва алайҳи он муборизаҳои шадиде низ роҳандози гардидааст. Ҳама кишварҳои олам алайҳи терористи ба по хестанд, то пеши роҳи ин вабои аср гирифташавад, аммо ҷойи таасуф аст,ки ба пешравию комёбӣ бо душвори ноил мешавем. Банда ҳамчун аҳли зиёии кишвар дар он андешаам, ки танҳо бо яроқ мубориза бурдан ба муқобили ин гурўҳҳо кам аст мо бояд дар мубориза ба муқобили онҳо дар идеология хеле фаъол бошад. Ба насли ҷавон муроду мақсади ифлоси нопоки онҳоро бо овардани далелҳо фаҳмонем, то онҳо аз нодонии ҷавонон истифода бурда онҳоро бо доми худ мекашанд. Солеҳов Рустам сармутахасиси шуъбаи маорифи ноҳяи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 09-11-2020, 13:28:58 | Диданд: 294