ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10213]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6212]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5975]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5063]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4416]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4385]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4368]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4356]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3998]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2425
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 65527
Мардуми тоҷик ба фиребу найрангҳои қаллоби №1-Муҳаммадиқболи Садриддин дода намешаванд.

Мардуми тоҷик ба фиребу найрангҳои қаллоби №1-Муҳаммадиқболи Садриддин дода намешаванд. Муҳаммадиқболи Садриддини 42-сола писари Қаландар Садруддинзода, яке аз раҳбарони пешини ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ аст ва дар Аврупо паноҳанда шудааст. Вай пештар масъули сомонаи "Васатият" буд. Се соли ахир мудири сомонаи "Ислоҳ.нет" аст ва бештар дар бораи камбудҳои мансабдорони тоҷик ва мушкили сокинон матлаб нашр мекунад. Агар ба навиштаҳои хоини ватанфуруш – Муҳаммадиқболи Садриддин дуруст назар кунем, маълум мегардад, ки фаъолияти вай ҳамчун гардонандаи яке аз сомонаҳои ташкилоти террористии наҳзатӣ маҳз ба туҳмат кардани роҳбарону шахсиятҳои шинохтаи Тоҷикистон ва бадномсозии мақомоти давлатӣ равона мебошад. Албатта ин вазифаро дар назди ӯ саркардаи террористони наҳзатӣ ва хоҷаҳои хориҷиаш гузоштаанд. Амали мазкури нангинро ин палиди касиф бар ивази чанд пули ҳароме анҷом медиҳад, ки чунин тарзи рафтор хоси оқипадарон аст. Умуман нисбати амалҳои қаллоби роҳбари сомонаи «Ислоҳ.нет» Муҳаммадиқболи Садриддин соатҳои дароз суҳбат намоем кам аст. Чун ки ин хиёнаткор бо як гурӯҳ гумроҳони дигар, дар сомонаҳои иҷтимоӣ видеороликҳои пуч ва суҳбатҳои бемазмунро паҳн карда, ватанфурушу хоин будани худро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозад. Сомонаи «Ислоҳ.нет»-и ӯ, ки мақсади асосиаш ҷавонону наврасони гумроҳ ва шахсони ноогоҳро ба худ ҷалб намуда, сафи хоинону ватанфурушонро зиёд кардан аст, ба мақсади нопоки худ ҳеҷгоҳ нахоҳад расид. Зеро ҷои қаллоб ва хиёнаткор паси панҷара аст. Мардуми бонанагу ор ва бофарҳангу таммадунофари тоҷик ба ҳилаву найранг ва иғвоҳои қаллоби №1-Муҳаммадиқболи Садриддин дода нашуда, аз паи зиндагии осоишта худ мебошанд.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 10-11-2020, 13:07:50 | Диданд: 283