ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10505]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6374]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6184]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5247]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4612]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4530]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4525]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4517]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4139]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
4. Муҳаммадиқболи Садриддин- хоини милат
6. ХОИНОН БА ТАРАҚҚИЁТУ ПЕШРАВИИ ТОҶИКИСТОН ҲАСАД МЕХУРАНД.
7. Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир
8. АҲАМИЯТИ ЗАБОН ДАР ТАРБИЯИ АХЛОҚИИ НАСЛИ НАВРАС !
9. Баъзе аз занак сифатон худро мард мегуянд! Аз ҷумла Гурӯҳи 24
10. Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм бояд ба вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад.
Омор
- Хабархо: 2440
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 74479
Мо аз пайи ободӣ
Мо аз пайи ободӣ Таи солҳои охир ҷангҳои иттиллоотӣ хеле авҷ гирифтаасту имрўз ҳам идома доранд. Мо худ шоҳидем ва аз расонаҳои хабарӣ медонем, ки қувваҳои мухолифи ҳукуматҳо берун аз марз ба ҳар роҳу восита нисбат ба кишваре бўҳтон мезананду сафедии онро сиёҳ мехонанд. Аз ин ҷанги иттиллоотӣ кишвари азизи мо низ дар канор нест. Имрўз ин суханон ва ё гуфтори онҳо ба як кори муқаррарӣ баробар шудаасту касе ба гуфтори бўҳтономези онҳо эътиборе ҳам намедиҳад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандест, ки гуфторҳои беасоси Муҳаммадиқболи Садриддин пайдо шудааст. Мо мардуми тоҷик ба ин суханон ҳанўз аз солҳои 90- уми асри гузашта ошноӣ дорему оқибати фоҷиабори онро ба накўӣ дарк мекунем. Ҳамин суханпардозиҳои беасосу тафриқаандозона буд, ки мардуми моро дар сангарҳо муқобили ҳам шинонд. Ҳамин суханон буд, ки дар хориҷ аз кишварҳо қабрҳои ѓарибони тоҷик пайдо шуд. Мо гузаштаи рўзгорро хуб омўхтаем ва ба ибораи шоир: Ҳарки н-омўхт аз гузашти рўзгор, Низ н-омўзад зи ҳеҷ омўзгор. Ба ҳамаи он нафароне, ки дар хориҷ аз ватан хизмати хоҷагонашонро мекунанду ба амри онҳо суханпардозиҳо менамоянд гуфтаниям, ки ин суханҳоро монда ба ободонии кишвар даст зананду хатои хешро бо меҳнати ҳалолашон бишуянд. Охир Тоҷикистон кишварест, ки бо талошҳои Пешвои миллат мавқеи стратегию сиёсии худро дар соҳаи мухталиф хеле устувор гардонидааст. Коргузори шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ: Исоев Абдушукур
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 07-12-2020, 15:03:14 | Диданд: 593