МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасанд.

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасанд.

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасанд. Имрузҳо симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълум ва мардуми кишвари Тоҷикистон уро ҳамчун як нафари хоин ватанфуруш ва нокасу палид мешиносанд. Ин хоини миллат дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона дорад ва инсони дарбадар дур аз Ватан аст. Чунин аст ҷазои чунин касоне, ки Ватану миллати худро мефурушад. Ва чунин хиёнаткорро на Ватан ва на ҷомеъа ҳеҷ гоҳ намебахшад. Зеро Ватану ватандорӣ ва Ҳукумат ба он вазифаи муқаддаси ҳар яки мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. У бошад хоини миллат ва ватанфуруш аз дур истода тариқи сомонаҳои интернети суханҳои дуруғу фитнаангезро нисбати ҷомеъаи мо паҳн мекунад. Аслан ҲНИ ва ташкилкунандаи онҳо ҳеҷ вақт ба фоидаи мардум кор накардааст. Доим мухолифи давлат аст. Онҳо ҳамеша барои мақсади нопоки худ кор мекунанд. Имруз аз корҳои зишти онҳо тамоми дунё воқиф гардид. Онҳо ягон нияти нек надоранд. Имрӯз онҳо бозичаи хориҷиён гардидаанд. Аз вақте, ки аъзои собиқ ҲНИ айни замон ТЭТ ҲНИ шуданаш ба халқу Ватани худ хиёнат карданро сар кардааст. Муҳиддин Кабирӣ муддати чанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндагӣ кардан намемонад ва аз хориҷа истода обруи нуфузи Тоҷикистонро бо суханҳои дуруғу бемаъниаш дар арсаи ҷаҳон паст кардани мехоҳад. Новобаста аз таҳдиду ҳаракатҳои ҲНИ мо итминон дорем, ки ваҳдату якдили ва сулҳу суботи кишвари Тоҷикистон бебозгашт буда, халқи мо бо азму талошҳои Ватан ва тоҷику тоҷикзабонони тамоми дунё бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафҳои олии миллат ноил мегардад ва он дасисабозии он хоинони миллат ки нисбати халқи мо мекунанд ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ намерасанд. Беҳуда бузургон нафармудаанд: "Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад намерасанд ". Мирзоева Гулрухсор – мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар н.Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 08-12-2020, 13:42:34 | Диданд: 378