МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хиёнат ба ватан амали нобахшиданист.

Хиёнат ба  ватан  амали  нобахшиданист.

Хиёнат ба ватан амали нобахшиданист. Расидан ба истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик имконият дод, ки бо такя бар зербинои мустаҳками арзишҳои миллии хеш, аз ҷумла тамаддуни куҳани аҷдодӣ, таҷрибаи ҳазорсолаи давлатдорӣ, таъриху адабиёти воқеӣ, ки ҳатто рақибони миллати мо дар инкораш оҷизанд, заминҳои худшиносии миллӣ ва рушду такомули давлати ҷавони худро ба роҳ монад. Албатта, дастовардҳое, ки мо имрўз аз баракати истиқлолият дорем осон ба даст наомадаанд. Зеро сари ҳар қадам ҳадафи ҳамлаю ҳуҷуми манфиатҷўёни беруна қарор гирифтаем, ки дар амалҳои бадхоҳонаашон ҳатман фарзандони худфурўшу хиёнаткори миллати худамонро истифода бурданду ва доранд. Имрўзҳо дар ҷомеа ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва тафриқаангез ҳарчи бештар кўшиш мекунанд, ки амалҳои номатлуб ва хинаткоронаи худро содир намуда, дар ин аъмоли зишти хеш мардумро алал хусус ҷавононро пайроҳаи хеш намоянд. Имрўзҳо ҳама дида истодаанд, ки ин шахсони нохалаф аз қабили Кабирӣ, Муҳаммадиқбол ва дигар пайравнои онҳо барои роҳандози кардаини мақсадҳои ғаразноку нопоки хеш ниқоби дини исломро ба бар намуда, талоши онро доранд, ки миллати орому осудаи моро ноором созанд. Мо ҷавонои саодатманди Тоҷикистон бо такя ба дастгирии давлату ҳукмат ва ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар гунна андеша ва ақидаҳои ифротгароёнаи хоинони миллат мисли Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқбол ва дигар ҳамаслакони онҳо дода нашуда, баҳри ободиву созандагии кишвари азизамон талош намоем. Зеро мо ҷавонон пайравони Пешвои миллат будем ҳастем ва мемонем. Сокини ноҳияи Восеъ: Ализода Ё. С.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 11-12-2020, 12:30:11 | Диданд: 396