ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10877]
2. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6630]
3. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6579]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5471]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4894]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4735]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4720]
9. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4719]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4326]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2471
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 111277
Кабирии гумроҳ мардумро ба ифроти мебарад
Тӯли чанд сол буд, ки ҳизби ҳоло мамнуъи наҳзати исломӣ дар саҳнаи сиёсат ҷавлон мекард ва дар ниқоби «озодии баён» фикру андешаҳои ботили худро бар сари мардум тавассути рӯзномаву сайти интернетиаш бор мекард. Ҳоло он ки мардум дигар зирак шудаву ба суханҳои пӯчу мемағз гӯш намедиҳад.
Боиси таассуф аст, ки вақтҳои охир аксар ҷавонон аз надоштани иттилооти дақиқ, паст будани савияи дониши сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро, ки бо ном «исломӣ» мебошанд ва бо ин кирдору корҳояшон нуфуз ва қадри исломро дар олам паст мезананд, шомил мешаванд. Оё онҳо намедонанд, ки оқибати ин бозиҳои сиёсӣ бо ниқоби ислом давлатҳои пешрафтаи дунёи исломро ба чӣ ҳол оварда расонд.
Ки ин бадбахтон, имрӯз ҳастанд онҳое, ки бо тарғиби рӯҳониёни ҷоҳил, исломиёни сиёсатгаро кӯркӯрона рафтори он хуношомонро ҳақ бароварданӣ мешаванд ва ин сиёсати ваҳдаткушро нисбат ба парчамбардорони чароғи маърифат идома доданӣ мешаванд.
Ҳилолов Б
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 17-12-2020, 12:57:35 | Диданд: 346