ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10217]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6215]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5980]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5065]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4418]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4386]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4369]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4357]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4001]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2425
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 65669
Терроризм хатари ҷидди ба рушди ҷомеаи муосир

Терроризм хатари ҷидди ба рушди ҷомеаи муосир Терроризм ва ифротгароии байналхалқӣ дар шароити кунунӣ дар баробари талафотҳои зиёди ҷониву молӣ ҳамчунин монеаи асосии ҳалли дигар мушкилоти байналхалқӣ шудааст. Дар ин маврид ниёз бар он аст, ки аввалан масъалаҳои терроризм ва ифротгароӣ пешгирӣ карда шаванд то шароити мувофиқ барои ҳалли мушкилотҳои дигар пайдо хоҳад шуд. Зеро ҳалли масъалаҳои ифротгароӣ молиёти зиёдеро фарогир аст, ки метавонад бо он масъалаҳои зиёди дигареро ҳаллу баррасӣ кард. Аз ин рӯ, дар ҷомеаи мо ҳам зарур аст, ки ба масъалаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ таваҷҷуҳи хосса карда шавад. Бо муборизаи худ алайҳи ин мушкили мо метавонем дар рафъи пешгирии терроризм ва экстремизм байналмилалӣ саҳми худро гузошта бошем. Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик ҳамеша бар зидди амалҳои ифротӣ мубориза намуданд ва ҷонибдори ҳарчӣ тезтар рафъ намудани он мебошанд. Дар ин масир зарур аст, ки ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятии мо фаъол бошанд. Хусусан, дар ин самт метавонад саҳми муассисаҳои соҳаи таълиму тарбия бузург бошад. Дар раванди тарбия мо метавонем ватандӯстӣ, ва инсондӯстиро миёни омма таблиғ намоем, онҳоро чун шахсони огоҳ тарбия кунем, ҳисси башардӯстиро дар замиро онҳо парварида бошем. Волонтёри фаъоли назди бахши кор бо љавонон ва варзиши н. Восеъ Неъматов Сорбон
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 01-01-2021, 07:07:58 | Диданд: 287