МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Бадгуҳарро рутбаву мансаб насозад арҷманд

Бадгуҳарро рутбаву мансаб насозад арҷманд

Бадгуҳарро рутбаву мансаб насозад арҷманд Андеша: Гуфтан ба маврид аст, ки на дар ҳар давру замон курсӣ ё худ мансабу вазифа ба соҳибаш муносиб меомадааст. Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбари ташкилоти экстремистиву террористии собиқ Ҳизби Наҳзати Исломӣ хиёнаткор ва иғвоангез Муҳиддин Кабирӣ мансаб, имконият барои дар беҳтарин шароит зиндагӣ намудан, ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҷурии Тоҷикистон фаъолият намуданро боварӣ намуд. Вале ин хиёнаткори ватанфурӯш ба қадри ин сарзамин, обу нони он ва муҳимтар аз ҳама ба қадри мардумаш нарасида, даст ба хиёнати фаромӯшнашуданӣ зад. Ин хиёнаткор ҳатто ба аъзои ин ташкилоти иғвоангезу хиёнаткори худ Муҳаммадиқболи Садриддин раҳм накард ва дар ниҳоят Муҳаммадиқбол номуси худро, аниқтараш номуси мардии худро аз даст дод, ки воқеан шармандагист! Бадгуҳарро рутбаву мансаб насозад арҷманд, Ҷома кай зиннат диҳад андоми нозебандаро. Дар мавриди дигар Муҳаммадиқболи Садриддин, ки имрӯз дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун як ватанфурӯши хиёнаткор номаш сабт гардидааст, бо кадом рӯю виҷдон, метавонад аз покиву назофат сухан гӯяд? Шояд вай фаромӯш кардааст, ки: «ҷавонмарди ҳақиқӣ он шахсиятест, ки на аз хориҷи кишвар, балки дар Ватани худ якҷоя бо миллаташ баҳри ободӣ камари ҳиммат мебандад. На ин ки аз дур ҳамчун иғвоангез ва фитнагар сухан мегӯяд». Мирзоева Г-мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти КИ ҲХДТ дар н.Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 02-02-2021, 14:11:08 | Диданд: 289