МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

....Бо моҳ шини моҳ шавӣ бо дег шини сиёҳ шавӣ

....Бо моҳ шини моҳ шавӣ бо дег шини сиёҳ шавӣ

....Бо моҳ шини моҳ шавӣ бо дег шини сиёҳ шавӣ Наҳзатиёни террорист дар ҳар гӯшаву канори олам паноҳ бурда бошанд ҳам кирдору рафторашон хилофи арзишҳои диниву мазҳабӣ мебошанд. Инчунин Муҳаммадиқболи Садриддин зери таъсири падари наҳзатиаш бемаълумоту бефарҳанг ба воя расида, дар кишвари Афғонистон ба таҷовузу бадахлоқӣ ва бешарафӣ дучор гардид, ки дигар падар натавонист, ӯро аз ин роҳи нангин баргардонад. Чунин тоифа бешарафон аз номи дини ислом баромад карда, бо ин роҳ мехоҳанд динро бо сиёсат омехта карда, дар ҷомеа гурӯҳҳои мухолифро зиёднамоянд. Ҳама гуна фитнаву иғвоангезӣ, дасисаву амалҳои пасипардагии ифротгароён мардуми кишварамонро бори дигар ҳушдор месозад, ки аз ҳарвақта дида ҳушёру зирак бошанд. Ислом ба зоти худ надорад айбе, Ҳар айб, ки ҳаст, ин дар мусулмонии мост. Имрӯз ин шахсияти хиёнаткор, ки номуси мардии худро аз даст додааст, дар рӯйи худ ниқоби инсони покро кашида,шарм.надошта, аз номуси инсонӣ ҳарф мезанад. Мардум бори дигар дарк намуд, ки қадру манзалати М. Садриддин ҳамчун инсон кайҳо боз рехтааст. Мардуми тоҷик аллакай сафедро аз сиёҳ фарқ мекунанд ва ҳеҷ гоҳ ба шумо барин ватанфурӯшҳо, палидон, беномусҳо бовар надоранд. Мо ин кирдорҳои разилонаи шуморо дар ин дунёву қиёмат фаромӯш нахоҳем кард.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 09-02-2021, 14:45:03 | Диданд: 642