ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10217]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6215]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5980]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5065]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4418]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4387]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4370]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4357]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4001]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2425
- Расмхо: 39
- Онлайн: 1
- Хамаги омаданд: 65721
БАДХОҲОН РОҲИ РОСТРО ФАРОМУШ КАРДААНД:

БАДХОҲОН РОҲИ РОСТРО ФАРОМУШ КАРДААНД: 10.02.2021 Муҳаммадиқболи Садриддин чун оина ба тамоми ҷавонони сарзамини Тоҷикистони азизамон маълум гашт, ки будааст. Муҳаммадиқболи Садриддин воқеъан нафари беномус, иғвоангез ва ҳангомаҷӯй буда, имрӯз дар хориҷи кишвар зиндагӣ карда, зери супориши роҳбарон ва хоҷагони хориҷашон мутеҳ мебошанд ба қавли суханони мардуми гузаштагон “Аз паша фил сохта” гаштааст. Ӯ дар саҳифаҳои иҷтимои аз пеши худ ҳар чӣ мехоҳаду мебофад ва бо ҳамин назди хоҷагонашон худро нафари мунақиду таҳлилгар нишондодани мешавад. Манзураш ҳангоматалабӣ ва низо андохтанаст ва барои гирифтани озодиамон, қафо мондани давлату миллати хеш мебошад. Шахсе, ки дар фикри Ватан модар ва мардуми худ аст, аз наздик омада фикру ақидаҳояшро пешниҳод карда хизматгори мардуми худ мешавад ва дар ҳама пастию баланди тоқат карда, барои пешрафти Ватан меҳнат мекунад на он, ки аз дур истода санг мезанад. Вале бар нафаре, ки мафҳуми муқаддаси Ватан барояш бегона аст куҷо ҳарф аз Ватан гӯяд.Чун, ки онҳо аз табақаи мардумони курдиланд ҷуз киннаву адоват, бадию нафрат, сиёҳиву хароби дар қалбашон ба худ касб гирифтаанд. Ман ҳамчун як ҷавон ба чунин нафароне, ки дар хориҷи кишвар истодаву худро пуштибони мардум мегиранд ҳеҷ тарафдор нестам. Зеро онҳо на аз барои мо балки барои манфиатҳои худ амал карда хоин будани худро нишон медиҳанд. Имрӯз садҳо шукр тамоми шароит дар тамоми соҳаҳо барои шаҳрвандон муҳайё аст. Аз ҳамин лиҳоз мо имрӯз аз сиёсати бунёдкорона ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон розӣ ҳастем ва дар ҳама ҳолат онро дастгири хоҳем кард ва барои пешрафти ватанамон ҳамеша саҳмгузор мебошем. Мутахассиси шуъба Н. Неъмонова
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 10-02-2021, 07:37:59 | Диданд: 293