ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9772]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6116]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5840]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4985]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4311]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4283]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4266]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4255]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3920]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 62419
МУҲИДДИН КАБИРИ

МУҲИДДИН КАБИРИ Муҳиддин Кабири бо дидани сармояи зиёд худро аз дигарон боақлтар ва ҳатто аз давлат худро донотар шуморид. Аммо беҳуда нагуфтаанд шухи накун бо арбоб ... дар баробари ошкор шудани симои аслии Муҳиддин Кабири ва ҲНИ сарчашмаи маблағгузории Муҳиддин Кабири ва ҳизби ӯ ошкор шуд. Имрузҳо симои аслии Муҳиддин Кабири маълум ва мардуми Тоҷикистон уро ҳамчун як нафари хоин, ватанфуруш, беимон ва нокас мешиносанд. Муҳиддин Кабири аз вақте, ки аъзои собиқ Ҳизби назҳати ислом айни замон ТЭТ ҲНИ шуданаш ба халқу ватани худ хиёнат карданро низ сар кард. Ҳар рӯз дар арсаи олам ҳодисаҳое ба вуқӯъ мепайвандад, ки нисбат ба онҳо бепарвову бетараф будан ҳаргиз раво нест. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд. Нақшаҳои баде, ки М. Кабири кашида буд оқибат ӯро шармандаю русиёҳ намуд. Имрӯз, ки Кабири ва ҳамаслакони каждумсирати ӯ паймонҳо таъсис медиҳанду онро дар сомонаҳои интернетӣ паҳн мекунанд, андешаи онро надораннд, ки бо ин усул нафрати милионҳо одамони сайёраро бар муқобили худ бармехезонанд. Хушбахтона, мардуми тоҷик имрӯз ба ҳама воқеоти атрофи хеш бо чашми равшан менигаранд ва ба кӯшишу талошҳои Пешвои хирадманди худ, ки Тоҷикистони ҳамагӣ 20 сол пеш вайронаю валангорро дар муҳлати хеле кӯтоҳ ба як сарзамини тенҷу осоишта ва рӯ ба тараққӣ табдил дод, аз сидқи дил аҳсану офарин мехонанд. Бигзор ин ба табъи хираи душманони давлату миллати мо хуш наояд, вале мо ҳар лаҳзаву соат шукрона мекунем, ки бо сарварии Пешвои муаззами худ ба чунин рӯзи саодату хушбахтӣ ва давраи рушду гул-гулшукуфӣ расидем. Маротибаи дуюм Муҳиддин Кабири ва ҳамаслаконаш моҳи сентябри соли 2015 кӯшиши кард, ки Тоҷикистони гул-гул шукуфта истодаро ба хоку хун оғушта кунад аммо халқи шарафманди тоҷик ин гуна ашхоси нокасу палидро ба хуби шинохтаанд ва дигир ба доми фиреби онҳо намеафтанд. Мо халқи шарафманду бо нангу номуси тоҷик ҳамеша барои пешрафти ватани хеш барои аз байн бурдани хоинони миллат саҳм гузор буда ҳеҷгоҳ намегузорем, ки ватани тинҷу ороми худамонро ноором созанд. Мо пайравони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон, ки дар баромадаш гуфтааст Тоҷикистон ба пеш мо бовари дорем ҳеҷ хоине ба мо зиён оварда наметавонад . Ман ҳамчун як ҷавон барои пешрафти втани хеш ҳамеша саҳмгузор мебошам. Сокини но[ияи Восеъ Неъмонова. Н
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 10-03-2021, 14:26:48 | Диданд: 267