МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Озодии матбуот дар Тоҷикистон

Озодии матбуот дар Тоҷикистон

Озодии матбуот дар Тоҷикистон Матбуот дар рушди ҷомеа яке аз нақшҳои муҳимро мебозад. Хушбахтона дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти матбуоти тоҷик озодтар гардида, бо қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ин соҳаи муҳим ва ҷузъи ҷомеаи демократӣ боз инкишоф хоҳад ёфт. Вобаст ба дастрасии ахборот ба омма дар Тоҷикистон бояд қайд намуд, ки ҷомеа шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон имкониятҳои васеъ барои дастрас шуда ба иттилоотӣ лозимаро дошта ва аз он хуб истифода менамоянд. Вобаста ба ин қайд кардан зарур аст, ки нақши матбуот дар бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд нақши босазо дошта матбуоти тоҷик барои иттилоотнокии мардум дар талош буда, аз корҳои кормандони ин соҳа шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамарӯза бо хабар астанд. Бояд қайд намуд, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон озоданд. Мутаассисфона аз чи бошад, ки дар радабандие, ки аз ҷониби рузноманигорон бидуни марз ҳамасола вобаста ба озодии матбуот дар кишварҳои олам радабанди мешавад индекси озодии матбуот дар Тоҷикистон дар радабандии мазкур дар ҷойи наонқадар хуб қарор дорад. Бе шубҳа фикр мекунам, ки озодии матбуот дар Тоҷикистон ҳаст ва барои боз ҳам озодтар намудани матбуоти тоҷик саҳмгузории ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон, воситаҳои ахбори омма ва мақомотҳои давлтӣ дар ин раванд нақши муҳимро мебозад. Ҳар як соҳа, ҳар як ҷузъи ҷомеаи шаҳрванди дар давраи инкишофёби ба мушкилотҳои гуногун дучор мегардад ва ба бовари коми метавон гуфт, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон, сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ баро бартарф намудани мушкилотҳо дар соҳаи матбуоти тоҷик бетараф набуда, баҳри фаъолияти шафофи ин соҳаи муҳими ҷомеа мунтазам кору фаъолият намуда, матбуоти тоҷикро дар оянда дар якҷоягӣ ба матбуоти сатҳи байналмилалӣ мерасонем. Султон Бахтиёр

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 11-03-2021, 12:20:13 | Диданд: 333