ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9770]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6115]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5839]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4984]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4310]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4282]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4265]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4254]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3919]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 5
- Хамаги омаданд: 62411
Фирефтаи афкори бадхоҳони миллату давлат нагардем!

Фирефтаи афкори бадхоҳони миллату давлат нагардем! Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлолу демократӣ ва соҳибфарҳангу соҳибтамаддунаст. Бале имрӯз дар ватанамон озодии сухан, виҷдон, интихобот, шароиту имконоти иқтисодиву тиҷоратӣ, барои тамоми шаҳрвандон баробар аст, як забон, як дин ва ҳизбиятҳои гуногун дорем, барои ободии ин меҳан кору фаъолият мекунем. Мо миллати саодатманд ва куҳантамаддуни тоҷик ҳаргиз ба ин иҷозат нахоҳем дод, ки бо чунин ақидаҳои нопокатон моро тавсия диҳед, зеро то кунун касе аз наҳзатиҳо барои коре тавсия напурсидааст. Аз ин рӯ инро қабул намоед, ки дигар касе шуморо гӯш нахоҳад, кард. Вақте, ки шумо ин қадар тарафдори он бошед, ки чунин амалҳои аз доираи одоб берун идома ёбад. Аммо иддае аз мухолифони кишвр, аз қабили Муҳаммадиқболи Садриддин хоҳони он аст, ки фарҳанги миллии тоҷикон барбод равад. Ҳатто таъсиси чанд сомонаи ифротӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет, ки аз ҷониби ин хоини миллат ташкил карда шудаасту туҳматномаҳо ба нашр мерасонад, аз тарафи ҳамин хоҷагони хориҷияшон маблағгузорӣ мешавад, ки ин воқеан ҳам аз дурӯягиву хоинии ин нохалаф шаҳодат медиҳад. Дар ҳақиқат ҳам ҳамин рафтор ва муносибати Муҳаммадиқболи Садриддин нишон медиҳад, ки чӣ тавр ин палид душмани миллату ватани хеш гардидаву баро ду танга ба чӣ хиёнатҳое қодираст. Банда аминам, ки миллат ин хиёнат ва душмании ин нохалафро нахоҳад бахшид, зеро он хиёнате, ки аз тарафи ин наҳзатиён солҳои 90-ум анҷом дода буданд, он даҳшате ки бар сари миллат оварда буданд, то ҳол аз хотираҳо нарафтааст ва зангори кулфатҳои он рӯзҳо аз дили мардум шуста нагардидааст. Ҳарчанд имрӯз ин хоинони миллати тоҷик дар Аврупо қарор гирифтаанду худро дар амн меҳисобанд, аммо иштибоҳе беш нест. Онон ҳатман барои кирдорҳои хеш ҷавоб хоҳанд дод. Сокини ноҳияи Восеъ Ализода Ё.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 12-03-2021, 09:42:39 | Диданд: 253