МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Иззат Амаон, игвогар ё калоб?

Иззат Амаон, игвогар ё калоб?

Иззат Амаон кист, сиёсатмадор ё тоҷир? Аз замони истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистон ҳануз чоряк аср сипари нагардидааст. Аммо дар ин давраи начандон тулони кишвари мо тавонист баъзе “сиёсатмадор”-ҳоеро кашф намуда рӯйи кор орад, ки шояд дар дигар кишварҳо вуҷуд надошта бошанд. Солҳои охир бошад, баъзе инсонҳе давъои сиёсату сиёсатбози карда истодаанд, ки дар асл бӯе аз сиёсат набурдаанду бо хондани чанд китоб дар бораи сиёсату дипломатия аз худ беҳтарин дипломату нобиғаи аср месозанд. Ғайр аз кору фаъолияти начандон муассири худ, хизматҳои дигаронро ба назар намегиранд. Инсоне, ки аз чеҳраи аслии онҳо воқиф нест, аз тарзи суханронию ҳарфзаданҳояшон гумон мекунанд, ки танҳо онҳо дар фикру андешаи пеш рафтани ин миллату давлатанд, агар эшон набошанд давлат несту нобуд ва миллат пароканда мешавад. Яке аз чунин нафарони худхоҳу мағрур ва шефтаи молу мулк, давлату сарват Иззат Амон мебошад. Номбурда чансол пеш хост, ки бо ташкили ҳизбаш дар кишвар мардумро бифребаду аз ин ҳисоб зиндагии худро пешбарад. Вале кораш омад накарду натавонист ҳизби худро дар Вазорати адлия номнавис намояд. Пас аз ин рисқашро аз кисаи муҳоҷири бечораи сарсони тоҷик ёфтани шуд ва бо ҳамин ният ҷониби Федератсияи Россия роҳ пеш гирифт. Алҳол онҷо бо ташкили иттиҳоди ҷавонони тоҷик чан ҳамватани худро фиреб дода, зиндагиашро пешбурда истодааст. Акнун чандест, ки ба Тоҷикистон амодасту худро ҳамаҷониба таблиғ менамояд. Чанде пештар мавсуф дар сомонаи “Озодагон” мусоҳибае анҷом додааст. Дар ин мусоҳиба дар қатори дигар сафсатаҳои худ ба масъалаи интихоботи парлумоние, ки дар назар аст соли 2015 дар кишвар сурат гирад, дахл кардааст. Аҷиб аст, инсоне, ки то ҳол ғайр аз худ ба чанде аз пайвандонаш касе дигаре дар бораи фаъолият ва хизматаш ҳарфе ба забон намеорад, аз худ чунин шукуҳу шаҳомат намоиш додани мешавад. Айни замон дар федератсияи Россия бештар аз як милион нафар муҳоҷири меҳнати қарор дорад ва метавон гуфт, ки 99% онон шахсеро бо номи Изат Амон намешиносанд. Онҳо мегуянд, ки Изат Амон дар федератсияи Россия низ ба маҳалагарои машғулшуда, танҳо бо чанд ҷавони водии Рашт, ки шояд бо у дар ин кишвар дар як кучаю як бино зиндагонӣ доранд, ҳамкори менамояду халос. Маълум, ки аз Иззат Амон сиёсатмадор ё дипломат намебарояд ва уро на парвои миллатасту на парвои давлат. Ягона ҳадафи у ҷамъоварии пулу мол, сарвату давлат мебошад. Сокини ноҳияи Восеъ Ёрмадова М.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 31-03-2021, 13:10:41 | Диданд: 300