МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Мардуми тоҷик дигарбора фирефтаи хоинони давлату миллат ба монанди М. Садриддин нахоҳад шуд.

Мардуми тоҷик дигарбора фирефтаи хоинони  давлату миллат ба монанди М. Садриддин нахоҳад шуд.

Мардуми тоҷик дигарбора фирефтаи хоинони давлату миллат ба монанди М. Садриддин нахоҳад шуд. Мардуми тоҷик барои расидан ба Истиқлолияти комил тули сад солаҳо талош намудааст, ки имрӯз мо ҳамчун давлати соҳибистиқлолу дар ватани азизамон Тоҷикистон умр ба сар мебарем. М.Садриддин бо фитнаандозиҳояш дар миёни марду дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба Истиқлолияти мо хатар меоварад. Зеро, ки чунин шахсиятҳо ба монанди М.Садриддин дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ корашон миёни мардуми муҳоҷир танҳо фитнаандозию ҷангдози дар чашми мардум сиёҳ намудани ҳукумати мамлака ва сохторҳои давлатӣ мебошад. Даъвати онҳо ин поймол намудани сохти конститутсионӣ буда онҳо талоши ноором сохтани вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистонро доранд. Мардуми тоҷик сулҳу субот, ваҳдат, якдигафаҳми-ро арзишҳои қимати худ шуморида дар замони Истиқлолияти давлатӣ пурра бо чунин неъматҳои даврони Истиқлол таъмин аст. Хушбахтона мардуми тоҷик бо сарвари оқилу ватанбунёди худ хамарӯза дар талоши бунёди инфрасохтори гуногуни иҷтимоӣ ва ободии диёр барои насли имрӯзу оянда заҳматҳои зиё доранд. Мутаасифона М.Садриддин бар чашми бинандаи худ хок пошида талош менамояд, ки онҳоро аз пешравиҳое, ки мардуми тоҷик дар муддати кутоҳи замони Истиқлол ба даст овардааст аз онҳо дур созад. Яке аз роҳҳои асосие, ки халқу миллатҳои олам дар тулии қарнҳо бо истифода аз он давлатҳои худро ба давлатҳои пешқадам дар соҳаи технология, тибб, маориф, фарҳанг ва ғайра табдил додаанд ин ҳам илму дониш аст. Бо ин мақсадҳои нек ҳукумати мамлакат баҳри пешравии соҳаҳои муҳим барои ояндаи халқу миллат дар ватани азизамон Тоҷикистон ҳамарӯза дар талош буда, халқи шарифи Тоҷикистон ҳамқадами ҳукумти мамлакат мебошад. Ба боварии коми метавон гуфт, ки хоинони миллат ба монанди М.Садриддин ҳеҷ вақт бо мақсадҳои нопоки худ нахоҳанд расид. Султон Бахтиёр

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 01-04-2021, 14:24:04 | Диданд: 291